ҲАФТАИ ДАСТГИРИИ СИНАМАККОНӢ. ШИРИ МОДАР БЕҲТАРИН ҒИЗО БАРОИ КӮДАКИ НАВЗОД МЕБОШАД

9
Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида мешавад. “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” маъракаи ҷаҳонӣ буда, барои баланд бардоштани огоҳӣ ва фаъол намудани амалиёт дар робита бо синамаконӣ равона шудааст. Бояд гуфт дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад. Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад. Мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар солҳои охир доиргардида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Шири модар беҳтарин ғизо барои кӯдаки навзод мебошад. Махсусан 6 моҳи аввал шири модар беҳтарин ғизо барои кӯдак аст ва мо бояд ҳаракат кунем, ки бо шири худ кӯдакро ғизо диҳем. Албатта кудакро бо шири сунъи калон карда мешавад , вале он чои шири модарро гирифта наметавонад. Фалла дар таркибаш , сафеда, намак ва чарбуи зиёд дорад ҳамчунин аз витамину, аминокислотаҳои бой аст.
БОЯД ДАР ХОТИР НИГОХ ДОШТ.
ЯГОН ҒИЗОИ ДИГАР ШИРИ МОДАРРО ИВАЗ КАРДА НАМЕТАВОНАД.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.