02 июн тариқи шабакаи телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Ахбор” ва “ Дар мавзӯи рӯз” аз тарафи директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Мухторова П.Ш., мутахассиси Марказ Анварова С.Б. ва равоншинос Холназаров И. дар мавзӯи беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аҳамияти он барои солимии инсон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, кӯча, ҷойи кор, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ дар берун, ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар кӯча ҳатман пӯшидани ниқоби муҳофизати ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кудакон, безарурат гаштугузор кардан ва ҷамъ шудани одамон дар берун ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ то нест шудани бемории коронавирус қайд гардид. Ба фориғболию ва беаҳамиятӣ роҳ дода нашавад. Ҳама рӯза ҳама маълумотро аз мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ истифода бурда, ба талаботҳое, ки пешниҳод мегардад ба он риоя намоянд. Мутахассиси равоншинос чихати рухию равони дастгири намудани ахолӣ ва ба тарсу вахм дода нашудан, ба тахлука наафтодан, худро ба даст гирифтан, ба изтироб наафтоданро пурра шарх дода, маълумоти муфид дод. Ба изтироб афтодан, тарсу вахм чи гуна пайомадхои зарарнок барои чисми инсон буда, иммунитети инсонро паст мегардонад ва шахс метавонад ба хар гуна беморихо гирифтор шавад. Ҳолати стресс, ҳатми дар хона будан, безарурат ба куча набаромадан ва дар шароити хона падару модар бояд барои фарзандони худ ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, бо ҳар гуна машғулиятҳои эстетикӣ, рассомӣ, бозиҳои шавқовар ва ғайра машғул шаванд . Ҳамеша бояд ба оянда хушбин бошанд.
Шарҳҳо баста шудаанд.