03 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон

242

03 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, директори Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои одам, доктори илмҳои тиб, проффесор – Исмоилзода С. С. иштирок намуда, дар мавзӯи сирояти коронавирус, табобат, роҳҳои пешгирии он, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ дар оила, дар ҳоли ҳозир истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ барои аҳолӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, бе ниқоб ба куча набаромадан, ҳамеша тозагиро риоя намуданро қайд карданд. Дар ин рӯзҳо, ки сатҳи сироятёбӣ коҳиш ёфтааст, аммо дар кучаҳо мардум фориғболӣ намуда, бениқоб гашту гузор менамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя наменамоянд . Дар ин маврид хатари паҳн гардидани бемори аз эҳтимол дур нест ва пайомадҳои нохуш дода метавонад. Аз ин лиҳоз, ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, доир ба тавсияҳо ва таъкидҳое, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар пайваста тариқи ҳамаи ВАО ба мардум пешниҳод мегардад, қатъиян риоя карда шаванд. То ин ки саломатии худ ва дигаронро эҳтиёт намуда, зери хатар нагузорем.

03 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон03 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон

Шарҳҳо баста шудаанд.