08 июн дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”

169

08 июн дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”  мутахассиси Хадамоти санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Меликов Мурод ва табиби оилавӣ аз Маркази салоамтии шаҳрии №5 Ҳалимов Қутбиддин иштирок доштанд. Номбурдагон дар мавзӯи истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ,  аҳамияти онҳо, тарзи дурусти истифодабарӣ, безараргардонӣ,  кадом намуд ва аз кадом матоъҳо  бояд ниқоб тайёр карда шавад, то ин ки барои саломатӣ зарар нарасонад ва муҳим будани пушидани ниқоб ҳам барои калонсолон ва ҳам кудакон зарур мебошад, ибрози андеша намуданд.  Пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ  ин як роҳи пешгирии паҳн гардидани бемории КОВИД -19 ба ҳисоб рафта, бинобар ин аз шаҳрвандон хоҳиш кардв шуд, ки риояи реҷаи ниқоббандиро вайрон нагардонанд, ҳангоми ба куча баромадан ҳам ба худ ва ба кудакони худ ниқобҳои муҳофизатиро пӯшонанд.  Мутаасифона, дар кучаю хиёбонҳои шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳуриамон одамон бе ниқоб гаштугузор менамоянд, ҳоло, ки хатари сар задани маавҷи дуюми ин бемори аз эҳтимол дур нест. Дар ин ҷода аҳолии кишвар бепарвоӣ ва саҳлангорӣ роҳ дода истодаанд, аз ин рӯ бори дигар таъкид гардид, қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд, бе зарурат ба куча баромада гашту гузор кардан, фосилаи иҷтимоиро риоя кардан, ҳатман пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ  қайд карда шуд.

08 июн дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”

Шарҳҳо баста шудаанд.