1- декабр рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО.

183

Сирояти ВИЧ – бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти бадани инсон ба вуҷуд меоварад.Аввалин нишонаҳои бемории ВНМО-сироят метавонанд дар моҳи аввали баъд аз сироятёбӣ  пайдо шаванд ва ба монанди зуком ё мононуклеози сироятӣ  нишона дошта бошад. Ин давраро давраи шадиди беморӣ  меноманд. Баъд аз он, солҳои дароз (8-10 сол) бемори ба давраи бенишонагӣ мегузарад, ки дар ин давра шахси гирифтори ВНМО ягон нишонаи бемориро надорад. Баъд аз ин давра бошад, давраи пайдошавии нишонаҳо сар мешаванд, ки ин нишонаҳо, вобаста аз сатҳи масуният ва хусусиятҳои ҳоси ҳар як организми инсон, гуногун мебошанд. Нишонаҳо гуногун мебошанд, аз ҷумла таб ва дарунравии сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 мох давом мекунанд, лоғарии бесабаб, бемориҳои гуногуни замбуругии пусту узвҳои инсон, авч гирифтани бемориҳои вазнин ба монанди сил, ситомегаловирус, пневмонияи пневмосисти, саркома Капоши ва ғайраҳо. Агар дар инсон яке аз ин  нишонаҳо ва ё бемориҳои дар боло зикршуда пайдо шаванд, пас ин нишондод барои аз ташхиси ВНМО гузаштан мебошад. Барои муайян сохтани сирояти ВНМО шахс бояд таҳлили хунашро гузаронад.Чунин таҳлилҳоро дар озмоишгоҳҳои маҳсус (аз ҷумла, марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияхо) бо усули тести оҷили ва ё ТИФ (тахлили иммуноферменти) метавон гузашт. БНМБ  (бемории норасоии масъунияти бадан) яке аз бемориҳои хафнок ва марговар барои одамият ба ҳисоб меравад. Ин беморӣ аввалин маротиба соли 1981 дар ИМА ёфта шудааст. Аммо мувофиқи ақидаҳои баъзе олимон аввалин маротиба ин беморӣ соли 1960- ум дар Африқо ба қайд гирифта шуда, баъдтар дар дигар мамлакатҳо паҳн шудааст. Мувофиқи нишондоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар назди Созмони Миллали Муттаҳид амал мекунад, бемории норасоии масунияти бадан дар 177 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. БНМБ (бемории норасоии масъунияти бадан) як навъ бемории шадиди сироятӣ буда ангезандааш ретровирусҳои махсус буда, ба системаи масуният (имунитет) ва асабҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷа организми бемор ба таъсири дигар касалиҳои сироятӣ хеле ҳассос мегардад. Имрӯзҳо тибқи маълумоти барномаи  СММ оид ба мубориза бар зидди БНМО ҳар рӯз дар ҷаҳон  16 ҳазор нафар  ба вируси масъунияти бадан сироят меёбанд,ки тақрибан 50 %- онро ҷавонони аз14 то 20 сола ташкил медиҳанд.Ангезандаи ин вирусро соли 1983олими фаронсавӣ Монтенйе  ва татқиқотчии америкоӣР. Галло кашф кардааст.Ба ВНМО занҳо, мардҳо, кӯдакон,гирифтор шуда метавонанд.Одамоне ки ба ВНМО гирифтор шудаанд чандин солҳо худро тамоман солим ҳис мекунанд.Аз  сироятёбӣ то пайдо шудани аломатҳо ва нишонаҳои клиникӣ 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.Се  роҳи гирифторшави ба ин вирус мавҷуд мебошад.

  • Ҳангоми хунгузаронӣ ба воситаи хуне ки дар таркибаш вируси ВНМО вуҷуд дорад .ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои тамизнашуда, бо ин роҳ бештар нашъамандон гирифтор мешаванд.
  • Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне,ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд
  • Аз модари дорандаи ин вирус буда ба кӯдак ҳангоми ҳомила будан таваллуд ва макконидани кӯдаки навзод мегузарад

ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ буда , вирус дар дохили хун ҷой дорад.Агар бемор сари вакт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун афзоиш меёбад.Истифодаи дору ва риояи дастури табиб бар зидди  ВНМО ҷараёни инкишофро дар оргинизм қатъ  мекунад .Шахс метавонад ҳамчун фарди солим бимонад, аммо реҷаи истифодаи дорӯҳоро бояд вайрон насозад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991  бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ва 43 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин бемори фаъолият доранд.Ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас намояд .Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазоратӣ тандурустӣ  ва Хазинаи ҷаҳонӣ дорувориҳои зиддивирусӣ  ба таври ройгон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Ин мавод ба нафароне,ки хоҳиши табобатро доранд  ройгон тақсим карда мешавад.

Роҳҳои асосии пешгирии ин  беморӣ;  корҳои фаҳмондадиҳӣ  миёни аҳоли руй овардан  ба бунёди хишти асосии ҷомеъа – оилаи солим ҳаёти солим мебошад.

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.