10 июл дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизиони Тоҷикистон мутахассисон аз Хадамоти санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Табаров М. ва табиби оилавӣ аз Маркази салоамтии шаҳрии №5 Ҳалимов Қутбиддин иштирок доштанд. Мутахассисон дар мавзӯи истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, аҳамияти онҳо, тарзи дурусти истифодабарӣ, безараргардонии он, кадом намуд ва аз кадом намуд матоъ бояд ниқоб бошад, то ин ки барои саломатӣ зарар нарасонад ва муҳим будани пушидани ниқоб ҳам барои калонсолон ва ҳам кудакон зарур мебошад, ибрози андеша намуданд. Пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ин як роҳи пешгирии паҳн гардидани бемории КОВИД -19 ба ҳисоб рафта, бинобар ин аз шаҳрвандон хоҳиш кардв шуд, ки риояи реҷаи ниқоббандиро вайрон нагардонанд, ҳангоми ба куча баромадан ҳам ба худ ва ба кудакони худ ниқобҳои муҳофизатиро пӯшонанд. Мутаасифона, дар кучаю хиёбонҳои шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳуриамон одамон бе ниқоб гаштугузор менамоянд, ҳоло, ки хатари сар задани маавҷи дуюми ин бемори аз эҳтимол дур нест. Дар ин ҷода аҳолии кишвар бепарвоӣ ва саҳлангорӣ роҳ дода истодаанд, аз ин рӯ бори дигар таъкид гардид, қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд, бе зарурат ба куча баромада гашту гузор кардан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя кардан, ҳатман пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ қайд карда шуд. Инчунин, айни замон фасли тобистон мебошад, сар задани бемориҳои сироятии шадиди рӯдаю меъда ба назар мерасад. Барои ин ҳатман риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ҳангоми тайёр намудан ва истеъмоли ғизо аҳамият дода шавад. Инчунин, барои пешгирӣ намудани бемории ботулизм ба кадбонуҳои хона тавсия дода шуд, ки ҳангоми тайёр намудани шарбатҳои мева, хӯришҳо аз сабзавот дар зарфҳои шишагин (банка) бояд тарзи дуруст маҳкам намудани чунин маҳсулотро донанд ва пеш аз омода намудани ин гуна хуришҳои зимистона қоидаҳои онро хуб донанд. Нӯшидани обҳои ташнашикани хунук , оббозӣ кардан дар обҳои ифлос, ки махсусан наврасон мебошанд, худдорӣ намудан лозим аст. Падару модарон кудакони худро беаҳамит намонда, доимо назорат намоянд.
Шарҳҳо баста шудаанд.