10 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон

296

10 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи тандурустӣ, директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ Малахов М.Н. ва директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикии ВТҲИА ҶТ Азизов З. А. иштирок намуданд. Дар барномаи мазкур мутахассисон доир ба вазъи сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ, сатҳи коҳиш ёфтани он ва аз тарафи аҳолӣ беаҳамиятию бепарвоӣ зоҳир нанамудан ва ҳангоми ба куча баромадан бо ниқобҳои муҳофизатӣ  ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кудакон дошта бошанд, тарзи дуруст пушидан ва безарар гардонидани ниқоб,  фосилаи иҷтимоиро риоя намудан махсусан дар ҷойҳои серодам –мағоза, бозор, нақлиёти ҷамъиятӣ, беморхона, Марказҳои саломатӣ ва безарурат дар кучаҳо сайру гашт намудан, ҷамъ шудани одамон сухан намуданд. Инчунин, оид ба аҳамияти иммунизатсия, яъне эмгузаронӣ барои кудакон гуфта шуд. Чунки ин ҳам як воситаи пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, иммунитети бадани кудакро нисбати бемориҳои сироятӣ қавӣ мегардонад. Дар ин ҷода ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда шуд, ки ҳоло давраи эмкунии кудакон рафта истодааст, метавонанд бо дили пур ва бехавф кудакони худро ба Марказҳои саломатӣ оварда, иммунизатсия гузаронанд.

10 июн дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон

Шарҳҳо баста шудаанд.