10 қадам барои пешгирии бемории сироятии коронавирус

186
  1. Кӯшиш кунед аз ҷойҳои серодам аз ҷумла бозору мағозаҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, туйю маъракаҳо, қаҳвахонаю, чойхонаҳо худдорӣ кунед.
  2. Зуд-зуд дастони худро бо собун, антисептикҳо безарар гардонед.
  3. Бо дастон ба чашм, бини даҳон нарасед, чунки тавассути дастонатон метавонед вирусро дар баданатон ворид намоед.
  4. Ҳар як ашиёҳое, ки истифода мебаред, аз ҷумла телефон, назорати оинаи нилгун (пулть), ва дигар ашёҳое, ки ба он даст мерасонед ҳатман онро безарар гардонед.
  5. Бо худ гирифтани дастмолчаи яккаратаро фаромуш накунед, чун дар ҳолати дастаҳои дари ҳоҷатхона, утоқи кор ва кӯшодани чумчаи об онро истифода мебаред.
  6. Ҳангоми муошират фосилаи иҷтимои аз 1,5 то 2 метрро риоя намоед, аз салом кардан бо даст, ба оғуш гирифтан ва бӯсидан худдори кунед.
  7. Пас аз сайёҳат ва муоширати одамон, ҳатман дастони худро бо собун ва ё маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонед.
  8. Ҳангоми атса, сулфа кардан даҳонатонро бо дастмолча ва ё оринҷ пӯшонед пас аз истифодаи руймолча ҳатман онро ба қуттии партов партоед ва баъдан дастонатонро бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонед.
  9. Ҳар як аъзои ойларо мебояд, ки аз ашёҳое, ки ҳамарӯза ба монанди сачоқи руйпоккунӣ ва чуткаи дандоншӯи истифода мебаранд, танҳо аз ашёҳои шахсии худ истифода баранд.
  10. Зуд-зуд ҳавои хона ва ҷои коратон, иваз намоед.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.