12 июн дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”

195

12 июн дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”  мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм Воҳидов А. ва табиби оилавӣ аз Маркази саломатии шаҳрии №2 Гулмадов Қ. иштирок доштанд.  Мавзӯи барнома доир ба тарзи дурусти истифодаи ниқоб,  кай дар куҷо, чи тавр пӯшидан, безараргардонии он, барои кудакону наврасон инчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ буда, ба ҳамаи қоидаҳои тавсияшуда риоя карда шавад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯча  бениқоб гаштугузор намудан, риояи фосилаи иҷтимоӣ на кам аз 1,5 м, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масунияти бадан қайд гардид. Инчунин, бо гарм шудани ҳаво кӯдакон бештар дар дарё ва кӯлҳо оббозӣ мекунанд, ки ин хатари сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ шуда метавонанд. Нушидани нушокиҳои ташнашикани хунук, яхмос низ бояд худдорӣ карда шавад. Падару модарон бояд таъкид карда шуд, ки кудакони худро беназорат нагузоранд, чунки дар ин фасл авҷи бемориҳои сирояти даруни, яъне шикамравӣ дар байни кудакон бештар дида мешавад. Гигиенаи шахси ва ҷамъиятиро ҳамеша риоя намоянд.

12 июн дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”

Шарҳҳо баста шудаанд.