13 июл дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон

178
13 июл дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон  мудири кафедраи бемориҳои сироятии кудаконаи МД ”ДДТТ ба н. А. Сино”, номзади илми тиб Саидмуродова Г.М. ва мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи МД “ДДТТ ба н. А. Сино”, доктори илмҳои тиб  Сатторов С,С. иштирок намуданд.  Номбурдагон дар мавзӯи ҳолатҳои авҷи дуюми бемории Ковид 19, ки дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон рафта истодааст, сабабҳои сар задани он ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ қайд карда шуд. Яке аз сабабҳои ин. яъне  риоя нагардидани ҳолатҳои карантинӣ, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз тарафи аҳолӣ ба шумор меравад. Ва дар ин ҷода ба аҳолии кишвар муроҷиат карда шуд, ки ҳама рӯза тариқи ВАО  мутахассисони соҳаи тандурустӣ баромад менамоянд ва тавсияҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба мардум пешниҳод мегардад, амал намоянд. Дар ҷойҳои серодам ҳатман пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи масофаи байни якдигар, шустани дастон ва безараргардонӣ бо маҳлулҳои антисептикӣ бори дигар таъкид карда шуд.  Инчунин, доир ба бемориҳои сироятии шадиди рӯдаю меъда дар байни кӯдакон, ки дар фасли тобистон ба мушоҳида мерасад, роҳҳои пешгирии ин гуна бемориҳо ба монанди исҳоли хунин, шикамравӣ, гепатити (зардпарвин) вирусии А,Д,Е , домана маълумоти муфассал  дода шуд.

Шарҳҳо баста шудаанд.