14 июл дар барномаи “Нигоҳ”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон директори Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Хайров Ҳ.Х. ва мутахассис аз Маркази ҷумҳуриявии гастроэнтерологӣ Хуҷаназаров С. иштирок намуданд. Мутахассисон доир ба мафҳуми ғизои солим, аҳамияти он ба ҷисми инсон, нодуруст истифода намудани ғизо ва пайомадҳои он, ғизои истеъмолии мо аз кадом маҳсулот бой бошад, бештар кадом маҳсулотҳоро дар дастархони худ дошта бошанд, гуфта шуд. Инчунин ба шахсоне, ки бемории Ковид доранд ё бемориро аз сар гузарониданд, бояд аз маҳсулотҳое, ки дар таркибашон элементи химиявии руҳ, витамини С ва Д ба мисли лимӯ, имбир, панир, зардии тухм, ҷигар, сирпиёз ва обро бисёртар истеъмол намоянд, маълумоти саҳеҳ дода шуд. Аз маҳсулоти сабзавотию меваҷоти ватании худамон бештар истеъмол намоем. Дар ғизои ҳаррӯзаи худ аз маҳсулотҳои ғалладонагӣ ба монанди лӯбиё, нахуд, мош, наск хӯроки гуногун омода карда шавад, чунки таркиби ғалладонагиҳо аз сафеда, карбогидратҳо бой буда, ба системаи ҳозима гаронӣ наоварда, ҳазмшаванда мебошанд. Хонаводагиҳое, ки замини назди ҳавлигӣ доранд, бояд самаранок истифода баранд ва дар замини худ ҳар гуна маҳсулоти озуқавориро кишт намоянд. Ин ҳам ба саломатии аҳли оила ва ба буҷети оила манфиатовар мебошад. Истеъмоли ғизои солим ва дуруст ин кафили қавӣ будани иммунитети инсон мебошад. Бо қавӣ будани иммунитет мо метавонем худро ба беморшавӣ аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.
Шарҳҳо баста шудаанд.