15 июл дар барномаи “Нигоҳ”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон мутахассиси дараҷаи олии МД “Маркази милии солимии репродуктивӣ” Кулобиева Раъно иштирок намуданд. Мавзӯи барнома доир ба солимии модару кӯдак ва ғизои онҳо, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ вобаста буд. Занон, модарон бештар бояд ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҳам дар хона ва ҳам дар кӯча риоя намоянд. Дар хона зимни тайёр намудани хӯрок ба тозагӣ аҳамият диҳанд. Инчунин, ҳоло ки мавсими захира намудани маҳсулоти консервагӣ мебошад, махсусан бояд эҳтиёткор бошанд. Ҳатман тарзи дуруст маҳкам намудани сабзавоту меваҳоро дар зарфҳои шишагин бояд донанд. Нодуруст маҳкам намудан метавонад, ба заҳролудшавии бадани инсон гирифтор намуда, ба пайомадҳои нохуш оварда расонад. Аз ин лиҳоз ба занон, модарон бори дигар таъкид гардид, дар ҳама ҳолат бояд ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Бо риояи ин қоидаҳо метавонанд худро ва наздикони худро аз бемориҳои сироятӣ змин нигоҳ доранд. Ба кудакони худ низ бояд ин қоидаҳоро омӯзонанд ва назорат намоянд. Ғизои солимро , яъне аз сабзавоту меваҷот, маҳсулоти гуштӣ, ширӣ, ғалладонагиҳо васеъ истифода намоянд. Барои занони ҳомила дар давраи ҳомиладорӣ аз ин маҳсулотҳо бояд ҳамарӯза истеъмол намоянд. Чунки ғизои дуруст ва солим барои инкишофи пурраи тифли дар батнбуда бисёр муҳим мебошад. Норасоии ғизо ҳам ба модар ва ҳам ба тифл хатар дорад. Дар давраи пандемияи коронавирус занҳое, ки ҳомиладор мебошанд, бояд эҳтиёткор бошанд. Аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд, агар зарурат ба берун баромадан шуд, ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Агар зани ҳомила бемори Ковид гардид, тавсияҳое, ки барои ҳама пешбинӣ шудаанд, ба онҳо низ ҳамин гуна мебошанд, яъне дар ҳуҷраи алоҳида, пӯшидани ниқоб ва зери таҳти назорати табиби занона табобат мегирад. Баъд аз таваллуд боз ҳаммин гуна тавсияҳои риояи гигиенаи шахсӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб ҳангоми синамаконӣ, яъне ба додани шири модар монеа нест. Шири модар беҳтарин ғизо барои кӯдак аст ва он воситаест баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ барои кӯдак мебошад. Модарон аз он хавотир набошанд, ки беморӣ ба кӯдаки онҳо мегузарад, ин хато аст.
Шарҳҳо баста шудаанд.