16 июл дар барномаи “Нигоҳ”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон

201

16 июл дар барномаи “Нигоҳ”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон  табиб-сироятшинос Шарипов М.  ва  равоншинос Табаров Х.  иштирок доштанд.  Мавзӯи барнома вобаста ба гигиенаи шахсӣ, маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт ҷиҳати ба роҳ мондани ташаккули тарзи ҳаёти солим ва масъалаи вазъи психологии шахсони гирифтори бемории Ковид ва шифоёфтагон аз ин беморӣ иборат буд. Мутахассисон дар бораи риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, аҳамияти он на танҳо ҳангоми пандемияи коронавирус , балки ҳама вақт новобаста аз вазъият ҳама чи калонслон ва чӣ кӯдакон бояд  эътибор диҳанд ва иҷро намоянд. Бо риоя нагардидани ин қоидаҳо шахс метавонад мубтало ба бемориҳои сироятӣ гашта, ҳам манбаи сироят барои дигарон шуда метавонад. Чунки бемориҳои сироятӣ аз шахси бемор ба солим мегузарад.  Ба шахсони дорои маъюбият дошта, ки ҳаракати онҳо маҳдуд аст, ба онҳо низ бояд аҳамият дода шавад.  Шахсоне, ки бо онҳо дар оила мебошанд, бояд ба онҳо ҷиҳати ба иҷро расонидани гигиенаи шахсӣ ёрӣ расонанд.  Дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ  бори дигар таъкид гардид, ки аҳолӣ қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоянд, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд.  Шахсони гирифтори бемории Ковид набояд ба тарсу воҳима афтанд, бояд худро идора намоянд ва худталқинкунии психологиро иҷро намоянд. Яъне бо суханҳои тасаллобахш худро ором намоянд.  Аз рӯи тавсияҳои табиби муолиҷакунанда амал намояд ва ҳатман шифо меёбанд.  Шахсоне, ки бемориро аз сар гузарониданд,  онҳо низ бояд ба саломатии худ бепарво набошанд, дар муҳити ором сару кор дошта,  ғизои солим истеъмол намоянд ва машқҳои варзиширо аз ёд набароранд. Ин омилҳо роҳҳои асосии баланд бардоштани масунияти бадан мебошад. Агар мо иммунитети худро қавӣ намоем, мо метавонем худро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.

Шарҳҳо баста шудаанд.