Таърихи 18 май дар барномаи «Дар мавзӯи рӯз»-и Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Талбов Умед — мудири шуъбаи диспансерӣ ва Амонов Нодир Қодирович — равоншинос, номзади илмҳои психололӣ, мудири кафедраи психологияи ДМТ иштирок доштанд. Дар барномаи мазкур мутахассисон чӣ гуна дар ин ҳолат шаҳрвандон худро идора намоянд, ба изтироб, тарсу воҳима наафтанд ва чунин падидаҳо метавонанд чӣ гуна пайомадҳое нохуш дошта бошанд, ақидаи иброз карда шуд. Шахсоне, ки ба сирояти ВНМО доранд, агар ба бемории коронавирус гирифтор шаванд,ҳатман бо духтури муолиҷави муроҷиат намуда, машварат гирифта ва ҳар гуна дорувориҳоро бе тавсияи табиб қабул нанамоянд.Инчунин, тавсияҳои иловагии муфид ҳангоми беморӣ ба чунин шахсон дода шуд.Ба изтироб наафтода, ба овозаҳо бовар накарда, танҳо ахборотро аз расонаҳои расмӣ гирифтан махсусан қайд гардид.
Шарҳҳо баста шудаанд.