20 май дар барномаи «Дар мавзӯи рӯз»-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон

240

20 май дар барномаи «Дар мавзӯи рӯз»-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон мутахассиси соҳаи тандурустӣ Аҳмадзода С. И. — профессор, доктори илмҳои тиб ва шахси сиҳатёфта аз бемории коронавирус Муллоҷонов Сайфулло иштирок намуданд. Зимни сӯҳбат меҳмонони барнома оид ба ихтирои бамавриди таҷҳизоти нави нафасдиҳии сунъии олими шинохтаи тоҷик Султонов Б, У. барои истифодаи он чи дар шароити беморхона ва чи дар хона барои табобати беморони коронавирус, боварӣ ба худ доштан, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, оромӣ, тарсу ваҳмро аз худ дур намудан таъкид гардид ва аз тарафи шахси шифоёфта бо як дилгармӣ ва боварӣ аз таҷрибае, ки чи гуна бо тавсияи духтури оилавӣ дар шароити хона табобат ёфтааст, суханронӣ намуданд.

Шарҳҳо баста шудаанд.