Бойгониҳои ҳарсола

2022

Семинарӣ омӯзишӣ вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд ва дигар бемориҳои сироятӣ.

Гузаронидани семинарӣ омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории диабети қанд,ботулизм ва инчунин моҳияти ваксинаҳо  байни дастаҳои саломатӣ аз тарафи мутахассисони МТТҲС-и ноҳияи Рашт.

Дар байни занон оиди пешгирии беморихои ВНМО ва Гепатит корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳи дар байни занон оиди пешгирии бемориҳои Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Гепатит   аз  тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими н. Айни корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. .

Барои пешгирии бемориҳои сироятии сил,тарбод,ва хорӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ.

Санаи 14.02.2022 гардиши хона ба хона дар Ҷамоатҳои Анзоб,Фондарё,ва Шамтуч оид ба  пешгирии бемориҳои сироятии сил, тарбод,  хорӣ  аз тарафи мутахассисони МТТҲС н. Айнӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фарбеҳӣ ва ғизои солим гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ.

Гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба риояи тарзи ҳаёти солим ,пешгирии бемории ботулизм, инчунин бемории фарбеҳӣ ва ғизои солим дар МТМУ №52 деҳаи Ғарми боло аз тарафи мутахассисони МТТҲС-и ноҳияи Рашт.

Баромад дар радиои маҳаллии н.Айнӣ вобаста ба бемории Совид-19.

Баромад дар радиои маҳаллӣ оид ба пешгирии бемории Ковид-19, вируси нави О-микрон, аҳамияти иммунизатсия ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба бемории Ботулизм аз тарафи кормандони МТТҲС н. Айнӣ.

Дар байни мактаббачагон гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мактаббачагони синфҳои ибтидоии МТМУ- 523 оиди ғизои солим, зуком, гигиенаи шахсӣ,, сурхча аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  н.Айнӣ.

Насб намудани маводҳои иттилоотӣ ва тақсим намудани он дар байни аҳолӣ.

Аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Зафаробод тақсим намудани маводҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ва насб намудани онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба моҳияти ваксина ба зидди СОВИД-19 гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ.

Овезон намудани варақаҳои иттилоотӣ ва гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ, вобаста ба моҳияти ваксина бар зидди Совид-19 аз тарафи кормандони  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳри Ҳисор .

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии Covid-19 дар ноҳияи Зафаробод

Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Зафаробод оид ба пешгирии бемории Covid-19 ва моҳияти ваксина бар зидди коронавирус дар миёни аҳолӣ корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.