22 июл дар барномаи “Нигоҳ”-и шабакаи телевизиони Тоҷикистон мутахассисон Ҷаҳон Азонзод – ғизошинос ва табиб – сироятшинос Маҳмадова Х. иштирок намуданд. Номбурдагон оид ба ғизои синну солӣ, аҳамияти он, истеъмоли ғизои дуруст ва солим, баланд бардоштани масунияти бадан, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ барои аҳолӣ маълумоти дақиқ расониданд.