22 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – шабакаи телевизиони Тоҷикистон директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ғаниева М.Х. ва Зариф Наим – равоншинос, омузгор – педагог, мудири кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омузгорӣ ба номи С. Айнӣ иштирок доштанд. Мутахассисон дар барнома доир ба мафҳуми таълиму тарбия дар муҳити оила, тарбиявии оилавӣ, истифодаи оқилонаи ақлу хирад дар тарбияи фарзанд, чи гуна бо фарзандон дар хона машғул шудан, муносибати рафтор дар оила, тарсу ваҳм, ба изтироб наафтодан ва ҷиҳатҳои таъсири манфии он ба саломатии инсон қайд карда шуд. Инчунин, вобаста ба пешгирии бемории коронавирус байни занони ҳомила ва баъд аз таваллуд ба тарсу воҳима дода нашудан, зери назорати духтур будан ва ҳамеша аз тавсияҳои табиби оилавӣ истифода бурдан, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истеъмоли нодурусти ғизо ва бемориҳое, ки вобаста ба нодуруст истеъмол намудани ғизо вобастагӣ доранд, ки яке аз онҳо фарбеҳӣ мебошад оризаҳои он ва тавсияҳои муфид оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ, маълумоти дақиқ дода шуд.
Шарҳҳо баста шудаанд.