26 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи Тоҷикистон

423

26 май дар барномаи телевизионии “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи Тоҷикистон сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, доктори илмҳои тиб, силшинос Зокирова Қ.А, ва мутахассиси Маркази иҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, вогиршинос Раҳмоналиев Орзу дар мавзӯи ҳолатҳои пешгирии сирояти бемории коронавирус иштирок доштанд. Аз тарафи мутахассисон тавофути байни бемории сил ва коронавирус, аз рӯйи сироятёбӣ, барангезандаи он аломатҳо, ташхису табобат ва роҳҳои пешгириро чи дар шахсоне, ки солим ҳастанд ва онҳое, ки бемории сил доранд, табобат гирифта истодаанд ё бемории силро аз сар гузаронидаанд, маълумот пешниҳод гардонда шуд. Инчунин, ба тарсу воҳима ё таҳлука наафтодан, ҳатман бо духтури оилавӣ ё табобатии худ дар тамос будан таъкид гардид. Бе зарурат ва бетавсияи табиб аз дорухонаҳо дорувории нолозимаро харидорӣ накунанд. Нодуруст истифода бурдани дорвориҳо, зарари он ба организми инсон ва буҷети оилавии хона қайд гардид. Оид ба вазъи имрӯза, хушбахтона ҳолатҳои бақайдгирӣ ва муроҷиати шаҳравндон ба Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо коҳиш ёфтааст, инчунин шахсони шифоёфтагон низ дар беморхонаҳо зиёд гардидаанд. Бо риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз тарафи аҳолӣ тавонистем, ба қадри кофӣ шиддатнокиро паст гардонем ва дар оянда низ бояд ба ин қоидаҳо аҳолии кишвар беэътиноӣ зоҳир нанамоянд ва ҳатман истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, фосилаи иҷимоӣ, безерурат ба куча баромада гашту гузор нанамудан ва дастҳоро шустан бояд риоя карда шавад.

26 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи Тоҷикистон26 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи Тоҷикистон26 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи Тоҷикистон

Шарҳҳо баста шудаанд.