28 май дар барномаи “Дар мавзӯи рӯз” – и шабакаи телевизионии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи тандурустӣ Холматова Ш.К. – муовини сардухтури МСШ №13, ҳамзамон табиби оилавӣ ва Маҳмуди Кабир – равонпизишк иштирок намуданд. Мутахассисон доир ба қабули шаҳрвандон дар Марказҳои саломатӣ, назорати беморон, ташхис, муоина ва табобати беморон дар шароити хона, саривақт ба духтури оилавӣ муроҷиат намудан, ба худтабобаткунӣ роҳ надодан ва хама вақт дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои бемории коронавирус ба табиби оилавӣ тамос гирифта, ба хона даъват намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки аҳоли ба таҳлука наафтанд, дар ҳама ҳолат табибон ҳамарӯза ба қабули шаҳрвандон омода ҳастанд, телефонҳои Марказҳои саломатӣ 24 соат фаъол ҳастанд ва метавонанд бо онҳо тамос гиранд.
Ҷиҳати руҳию равонии шахсони ба беморӣ гирифтор шуда ва баъд аз шифо ёфтан, равонпизишк доир ба тарсу ваҳм, ба изтироб дода нашуда, қавиирода будан, боварӣ доштан ба табобат, стрессро аз худ дур намудан, танҳо фикрҳои мусбат намудан, рӯзҳои хубро тасаввур кардан, шахс метавонад, аз беморӣ наҷот ёбад ва сиҳат шавад. Тарс ин худ ними беморӣ буда, иммунитетро паст менамояд. Дар натиҷа организми инсон бар зидди бемориҳо мубориза бурда наметавонад ё суст мегардад ва шахс мубтало ба беморӣ мегардад. Дар ин ҷода таъсири психогенӣ (самовнушение) нақши асосиро мебозад. Ҳар кас бояд некбин бошад, ба сиҳатёбии худ боварии қавӣ кунад. Маҳз ҳамин лаҳзаҳоро худи равонпизишк махсусан қайд гардонид, чунки ӯ низ ба ин беморӣ мубтало гардида буд. Ва имрӯз мебинед, сиҳат ва саломат мебошад. Табибон низ дар ин чода ҳамарӯза таъкид менамоянд, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд. Ҳам дар шароити хона ва ҳам дар берун. Дар ин рӯзҳо, ки ҳолати ба қайдгирии беморон, муроҷиати шаҳрвандон пасттар гардидааст, дар кӯча баъзе одамон бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор намуда ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Ин нуктаро махсусан мутахассисон барои шаҳрвандон қайд намуданд, ки тавсияҳои пешниҳодшударо ҳатман иҷро намоянд ва бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ нисбати саломатии худ ва дигарон накунанд.
Шарҳҳо баста шудаанд.