- Ба тозагии сару бадани худ аҳамият дихед. Ҳамарӯза зиёда аз 1 маротиба оббозӣ кунед, дар як ҳафта 2-3 маротиба сару бадани худро пурра шуед, ҳар ҳафта як маротиба нохунҳои дасту пойи худро кутоҳ кунед;
- либоси тоззаю озода ва мувофиқ ба мавсими солро ба бар намоед, таҳпӯш ва ҷӯробҳои худро харрӯз иваз намоед, мутобиқ ба мавсим аз воситаҳои муҳофизатии фардӣ (кулоҳ, дастпӯш, айнак) истифода баред;
- ба тозагии дастони худ диққати ҷиддӣ диҳед, зеро дастон манбаи асосии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб мераванд. Пеш ва баъд аз омода ва истеъмоли хӯрок, баъд аз казои ҳоҷат, пас аз кӯча баргаштан, пас аз бози бо ҳайвоноти хонагӣ дастони худро бо собун шӯед ё ин ки бо маводҳои антисептикӣ безарар гардонед.
- Бе зарурият ба кӯча набароед, аз гаштугузор дар минтақаҳои серодам худдорӣ намоед, ҳангоми гаштугузор дар кӯча аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баред.
- Масъунияти баланд барои мубориза бар зидди вирусҳо ва бактерияҳо дар организм ба ҳисобида мешавад. Истеъмоли ғизои дуруст ва солим ба шахс имконият медиҳад, ки ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии худро беҳтар гардонида масъунияти баданро дар сатҳи олӣ нигоҳ дорад.
- Бештар аз меваю сабзавоти тару тоза ва ғалладонагиҳо истифода баред, вояи ғизои истифодашудаи шумо мутобиқ ба фасли гармо бояд аз сафедаҳо ва дар фасли сармо аз чарб бой бошад. Аз истифодаи бемавриди шириниҳо, қаннодиҳо, хурокҳои дерҳалшавандаи хамирӣ канораҷуйӣ намуда, умуман аз истифодаи хурокҳои тезтаёр, обҳои газдор, нушокиҳои спиртӣ даст кашед.
- ба марҳалаи нигоҳдорӣ ва омода намудани ғизо диққати ҷиддӣ диҳед. Маҳсулотро бо оби ширгарм 3 маротиба шӯед. Дар яхдон маҳсулотҳои гуштиро аз меваю сабзавот ҷудо нигоҳ доред. Барои омода намудани ғизо аз маҳсулотҳои гуногун зарфҳои алоҳида истифода баред ва баъд аз истифода онҳоро ҳатман тоза шуста, безарар гардонед ва хушк карда гузоред .
- Ҳаммарӯза ба варзиш машғул шавед, алалхусус субҳгоҳон ё шом, аз майдончаҳои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ истифода баред. Аз беҳудагардӣ ва амалҳои номатлуб даст кашед, вақти холигии худро дар сайругашт дар ҳавои тоззаи боғҳои гирду атроф, хондани китоб, ҷамъ оварии маълумотҳои навтарин, гуш кардани мусиқӣ ва дилхол амалҳои барои баланд бардоштани руҳияатон истифода баред. Ҳолати хуби руҳӣ худ беҳтарин роҳ барои мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ мебоша
Таҳияи: Сайёҳати Насриддин
мутахассиси МД “МҶТТҲС”