5 июн тариқи ТВ Бадахшон дар барномаи «Субҳи боми ҷаҳон»

272

5 июн тариқи ТВ Бадахшон дар барномаи «Субҳи боми ҷаҳон» директори МНДСЭ-и ш. Хоруғ Орзу Азизбеков иштирок намуда, оиди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи доир ба пешгири ва паҳншавии  Covid-19 аз тарафи кормандони МНДСЭ-и шаҳр аз ҷумла риоя намудани тозагӣ ва беҳдоштӣ дар ошхонаҳо, бозору мағозаҳои хӯрока ахборот дода, инчунин зикр намуд, ки ҳамарӯза аз тарафи МНДСЭ-и шаҳр ҳамаи кӯчаҳо, корхонаву муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ва хонаҳои истиқомати, ки дар он беморони COVID-19 ба қайд гирифтаанд, безарар гардонида мешаванд. Дар охир Орзу Азизбеков ба аҳолӣ муроҷиат намуда арз дошт, ки бе ниқоб аз хона набароянд, тамоми қоидаву талаботҳои санитарию гигиениро риоя намуда худ ва пайвандонро  аз бемориҳои сироятӣ  муҳофизат намоянд.

Шарҳҳо баста шудаанд.