Яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони асрҳои миёна ва ҳамчунин ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик Абуалӣ Ҳусайн машҳур бо номи Абуалӣ Ибни Сино 18 –уми августи соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро ба дунё омадааст. Ибни Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят баланд дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ омадааст , ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифтааст, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китобу-ш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи асри XIX истифода бурда шудаанд. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёту умр ба сар бурд, чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.Баръакс бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди руйдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асл бо забони арабӣ навишта шудааст ва тарҷумааш ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Абӯалӣ ибни Сино муаллифи зиёда аз 60 рисолаҳои илмӣ дар соҳаи тиб мебошад, ки бузургтарин асари ў “Ал-қонун-фӣ-тибб” аз 5 қисм иборат буда, дар давоми ҳашт аср китоби рўйимизии табибони дунё ба шумор мерафт. Ин асари безавол 30 маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст“Ал-қонун-фӣ-тибб” китобе шуд, ки барои Абӯалӣ ибни Сино шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз асри XII то XYII пизишкони оянда дар Шарқ ва Ғарб алифбои саводи тибии худро аз “Ал-Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино мегирифтандДар асри XII ин асарро дар Толедо (Испания) аз арабӣ ба лотинӣ, ки забони байналмилалии илм дар он замон буд, тарҷума карданд. Шахсияти маъруфе чун Леонардо де Винчи яке аз хонандагони ин асари олими барҷастаи форс-тоҷик буд. Абӯалӣ ибни Сино дар ин асари машҳури худ он нуктаро меомӯзад саломатии инсонро чӣ гуна бояд ҳифз ва бемориҳоро табобат кард. Дар китоби аввали “Ал-қонун-фӣ-тибб” Ибни Сино маълумотҳои умумиро дар бораи анатомия ва сабаби бемориҳо меорад. Бахши ҷудогонае дар ин китоб ба набз ихтисос дода шуда, ба мафҳуму муҳимияти он дар организми инсон Абӯалӣ ибни Сино борҳо рӯ овардааст.Дар китоби дуюми “Ал-қонун-фӣ-тибб”-и худ Абӯалӣ ибни Сино доруҳои хеле оддиеро номнавис карда, аз ҷумла 785 воситаи дорувории растанигӣ, ҳайвонӣ ва минералиро ёдовар мешавад, бисёре аз ин доруҳо барои олимони асри бостон маълум набуданд.Дар китоби сеюми “Ал-қонун-фӣ-тибб” муаллиф дар бораи бемориҳои ҷудогона ва шеваҳои табобати онҳо муфассал нақл кардааст.Абӯалӣ ибни Сино дар китоби чоруми “Ал-қонун-фӣ-тибб” касалиҳои умумии бадан, табобати табларзаҳои мухталиф, масъалаҳои гуногуни ҷарроҳиро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидааст. Ҳамин тавр китоби панҷуми мазкур аз номгӯи доруҳои мураккаби гуногун ҳикоят мекунад.Дар ин асари худ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино фарзияеро дар миён гузошт, ки касалиҳо метавонанд аз тариқи ким-кадом махлуқоти хурдтарин ба вуҷуд оянд. Онҳо обро ифлос мекунанд ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Абӯалӣ ибни Сино аз аввалин табибони ҷаҳоние буд, ки ба сироятӣ будани нағзак таваҷҷӯҳ кард, фарқият миёни вабо ва тоунро муайян кард, дар бораи махав маълумот дод ва онро аз касалиҳои дигар ҷудо кард, як қатор бемориҳои дигарро омӯхт.Донишманди маъруф Абӯалӣ ибни Сино дар китоби “Ал-қонун-фӣ-тибб”-и хеш сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати бемориҳои зиёдеро хуб тасвир намудааст. Ў нишон додааст, ки аз 2600 маводи доруворӣ 1400 -тояш аз растаниҳо тайёр карда мешаванд.Абўалӣ ибни Сино фикру андешаи худро оид ба ҳарорати баланд иброз доштааст, ки аломати мазкур дар тибби илмию амалӣ то ҳол муҳиму бебаҳо мебошадӮ дар бахши бемориҳои дарунӣ даҳҳо усулҳои ташхисиву табобатӣ пешниҳод намуда, аз ҷумла муаллифи нахустини садои дар натиҷаи ангушт ба ангушт куфта, вазъи узвҳои ковокии шикам ё қафаси синаро муайянкунанда мебошад. Бузургии Абўалӣ ибни Сино дар маънидод намудани даҳ аломати тағйиротии набзи бемор ва 37 аломати пешоб ҳувайдо буда, то имрӯз на ягон дастгоҳи муосир ва на ягон табиб аз 17 сифати пешоб зиёд нагуфтаанд..Ӯ ба пуррагӣ ташхис ва табобати диабети қандро чунин ба қалам додааст: “пешоби диабетикҳо шаффоф, вазнин ва бисёр буда, такшони он тамъи ширин, ба монанди асалро дорад”ба замми ин дар соҳаи ҷарроҳӣ низ дастовардҳои зиёде дорад. Абуалӣ ибни Сино ёздаҳ намуди омос ва захми меъдаву рӯдаро ёдовар шуда, сабабҳои хунравӣ аз сурхрӯдаю меъдаро маълум менамояд. Зиёда аз ин, дар табобати хунравӣ аз варидҳои сурхрӯдаю меъда, ки дар заминаи сиррози ҷигар рӯй медиҳад, дорувории мураккаб, аз қабили омехтаи донаи гул, хокаи мӯҳр, гули анор, каме кукнор, шираи қоқуи хушкида бо сабуси дуруштро пешниҳод менамояд.Ташхиси тафриқавии хунтуфкунии беморро, ки Абуалӣ ибни Сино навиштааст, метавон умрбод бе ягон илова ҳамчун дастур истифода бурд Олим В.А.Покровский қайд менамояд, ки Абўалӣ ибни Сино дар китоби худ «Қонуни тиб» доир ба масъалаҳои тозагӣ диққати махсус зоҳир намудааст. Ӯ гузариши баъзе бемориҳоро ба воситаи ҳаво ва об қайд менамояд ва аз ин рӯ дастур медиҳад, ки пеш аз истеъмол обро бояд аввал ҷушонид. Дар китоби мазкур доир ба сифати об боби махсус ҷудо карда шудааст, ки нақши обро дар организми инсон нишон додааст. Об на танҳо такмилдиҳандаи маводи ғизоӣ, балки мулоимкунанда ва мусоидаткунанда дар рагҳо мебошад. Бе ин кўмак ҷараёни ғизогирӣ номумкин аст. Нишондоди асосии тиббии Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба об, ки дар асари безаволи ӯ мушоҳида карда мешавад, ин кӯшиши инсон баҳри нигоҳ доштани солимӣ ба шумор меравад.
Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи он нобиғагонест, ки осори ӯ ҳанӯз дар овони ҷавонияш донишмандони маъруфи Шарқ ва Ғарбро дар ҳайрат оварда буд. Соли 1037 Абуалӣ дар шаҳри Ҳамадон аз олам даргузаштааст.Ҳарчанд осори ӯ аз тарафи олимон борҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта бошад, ҳоло ҳам асрори зиёди корҳо нокушода мондаанд. Олимони тоҷик дар баробари дигарон пайваста барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани нишондиҳандаҳои донишманд корҳо мебаранд ва замонавӣ будани онҳоро исбот менамоянд.