Саломатии хуб пояи зиндагии бардавоми ҳар як инсон аст. Агар кӯдакон худро хуб ҳис кунанд ва бемор набошанд, ба боғчаву мактаб раванд, волидайни онҳо беташвиш, баҳри тарбия ва ояндаи онҳо кору фаъолият мекунанд. Ҳамаи хизматрасониҳои сатҳи аввалияи тиббию санитарӣ аҳамияти калон доранд, аммо иммунизатсияи кӯдакон яке аз муҳимтарин самти фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол иммунизатсия ҳаёти миллионҳо одамонро аз бемориҳои сироятӣ раҳо дода, онҳоро аз фавт ва маъюбии якумра муҳофизат менамояд. Иммунизатсия яке аз соҳаҳои самаранок ва бехатар ба даст овардани саломатии ҷомеа, аз ҷумла саломатии кӯдакон мебошад, ки дар пешгирии бемориҳои сироятӣ гузаронидани иммунизатсия моҳияти муҳимро баҷо меорад. Ҳангоми гузаронидани иммунизатсия дар организми кӯдак масуният яъне (иммунитет) нисбат ба беморӣ пайдо мешавад, ки бар зидди он ваксина ворид карда шудааст. Маҳз барои солим нигоҳ доштани фарзандони худ ҳатман ба ҳар як кӯдак ҳама намуди иммунизатсияро дар вақтҳои муайяншуда гузаронанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди бемориҳо мувофиқи тақвими миллии иммунизатсия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи миллии иммунопрофилктика қабул карда шудааст баргузор мешавад. Инчунин мувофиқи ин тақвим бар зидди 10 бемориҳои асосӣ аз ҷумла бемории сил, зардпарвин, кабудсулфа, кузоз, бемориҳои гемофилии типи В, сурхча, гулафшон гузаронида мешавад, аз 23 – ноябри соли 2020 сар карда, ваксинаи сурхча гулафшонро ба ваксинаи сурхча баногушак гулафшон ворида карда шудааст. Мувофиқи тақвими миллӣ, ҳар як ваксина ба худ муҳлати муайян дорад, масалан ваксинаи гепатити В, ки дар таввалудхонаҳо гузаронида мешаванд дар мудати 24 соат баъд, аз таввалуд гузаронида шавад.
Имрӯз баъзе оилаҳое ҳастанд, ки аз гузаронидани иммунизатсия дар ҳаросанд яъне кӯдакони худро ба иммунизатсия намебаранд, чунки баъд аз гузаронидани иммунизатсия шояд ҳарорати бадани тифл то 3 рӯз баланд шавад. Баъзеи дигар ба беаҳамиятӣ рӯ меоранд, ки ин метавонад баҳри солим нигоҳ доштани тифл рахнае ворид намояд. Баҳри огоҳ намудани он нафароне, ки аз гузаронидани иммунизатсия дар ҳаросанд маводҳои иттилоотӣ дар бунгоҳҳои тиббӣ гузошта шудааст, ки онҳо вобаста ба ин маълумот пайдо намоянд ва кӯдакони худро сари вақт ба гузаронидани иммунизатсия ҳозир гардонанд.
Имрӯзҳо МД «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар якҷоягӣ бо МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар байни аҳолӣ ва дар байни васоити ахборӣ омма вобаста ба аҳамияти гузаронидани иммунизатсия семинари омӯзишӣ баргузор гардидааст, то рӯзноманигорон аз тариқи телевизион ва радио, инчунин матбуотӣ даврӣ ба мардум огоҳ намоянд, ки гузаронидани иммунизатсия на хатар балки манфиатҳои зиёдеро дар худ доро мебошад. Имрӯз гарчанде соҳаи тибб пеш рафтабошадҳам ҳастанд нафароне, ки фарзандони худро аз гузаронидани иммунизатсия дур нигаҳ медоранд, аз самараи эмгузаронӣ баъзе оилаҳо то ҳол огоҳ нестанд.
Мақсад аз гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар байнӣ рӯзноманигорон огоҳонидани баъзе падарону модарон, дар мавриди аҳамияти иммунизатсия ва самараи он мебошад, то сатҳи даст кашидан аз иммунизатсия дар кишвар нест карда шавад. Арзиши табобати бемор аз арзиши иммунизатсия даҳҳо маротиба зиёд мебошад. Аз ин рӯ ҳар як кӯдаке, ки дар ҷумҳурӣ умр ба сар мебарад, аз рӯи тавқими миллии иммунизатсия, ки пешбинӣ шудааст, бояд иммунизатсия карда шаванд, падару модарон ва ё ягон нафар аз аъзои оила набояд сади роҳи гузаронидани иммунизатсия шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки агар кӯдак ба бемории роҳҳои нафас ё дигар бемориҳои шадид гирифтор шуда бошад, иммунизатсияро муваққатан ба таъхир гузошта, баъд аз сиҳатшавии фарзандонашон ҳатман иммунизатсияро гузаронад, чун гузаронидани иммунизатсия сабаб мешавад, то кӯдак ба ҳаргуна бемориҳои сироятӣ гирифтор нагарданд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳкурсии устувори саломатии ҳар як инсон дар давоми аввалӣ зиндагии кӯдакиаш поягузорӣ мешавад. Аз ин рӯ баҳри хуб нигоҳубин намудани саломатии фарзандони худ, вақтро дареғ надошта барои гузаронидани иммунизатсия ширкати фаъол намоед. Чун, яке аз марҳилаҳои асосии ин поягузорӣ, ки дар соатҳои аввали ҳайёти кӯдак сар мешавад – иммунизатсия мебошад.