Ахборот оид ба иммунизатсия дар ВМКБ

723

Иммунизатсияи нақшавӣ  дар ВМКБ дар давраи сироятӣ каронавирус дар тамоми муассисахои тиббии шаҳру ноҳияҳо мувофиқи таквими  миллӣ  бо реҷаи муайян  ва бо риояи тамоми  имкониятҳои  бехатарӣ гузаронида шуда истодааст.

Тибқи  фармоиши Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.20. №107 «Оид ба гузаронидани  иммунизатсияи  нақшавӣ»  дар вилоят низ мувофиқи  тақвими  миллӣ гузаронида шудааст. Дар утоқхои  иммунизатсиякуни  ҳамаи корхои  безараркуни  пеш  аз воридшавии  волидайн  бо кудак  ва баъд гузаронидашудан,  ҳар як кӯдак  бо волидайн  бо маводҳои  антисептикӣ  безарар  гардонида  шудааст. Ҳарорати баданашон бошад санҷида  мешавад ва  баъд аз муоинаи  тиббии табибони  оилавӣ, кардиолог, духтури асаб, ва артапед  ба иммунизатсия иҷозат дода мешавад. Кормандони тиб, яъне ваксинаторон  дар ҳар як муассиса чӣ дар шаҳр ва  чӣ дар ноҳияҳо бо ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус, аз ҷумла дастпӯшакҳо  ва  маҳлулҳои антисептикӣ  таъмин мебошанд. Маркази  саломатии шаҳрӣ ва марказҳои  саломатии  ноҳиявӣ  бо ҳамаи имкониятҳои безарагардони  таъмин ҳастанд.

Шарҳҳо баста шудаанд.