“АМАЛИ МО ОЯНДАИ МОСТ-ҒИЗОИ СОЛИМ БАРОИ ҲАМА!”: ФАО, БОҶ ва SIFI дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии озуқаро таҷлил мекунанд
ҲИСОР – Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия (SIFI) дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз бо ташкили чорабинии муштарак Рӯзи ҷаҳонии ғизоро таҷлил намуданд. Дар чорабинӣ аҳамияти амал ва фаъолияти инфиродии ҳар инсон барои расидан ба дунёи бидуни гурустнагӣ ва фақр то соли 2030 таъкид гардид.
Дар чорабинӣ, ки дар шаҳри таърихии Ҳисор баргузор шуд, намояндагони ҳукумат, сафирон, ҳомиён, шарикон аз ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва кормандони васоити ахбори омма, инчунин донишҷӯёни макотиби олӣ ва хонандагони мактаб иштирок доштанд.
Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ рӯзест, ки барои мубориза бо гуруснагии ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад. Ҳамасола 16 октябр дар Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ мардум аз ҳар канори олам ба ҳам омада, омодагии худро барои аз байн бурдани гуруснагӣ дар ҳаёти одамон дар сар то сари дунё иброз медоранд.
Шарҳҳо баста шудаанд.