Аз аллергия чигуна раҳо ёфт

203

Бархе аз одамон новбаста аз фаслҳои сол ва гарму сард будани ҳаво,  аз бемории бодигармӣ ё ба қавле  аллергия азият мекашанд. Ҳамчунин бо андаке гарм шудани ҳаво ва ё наздик шудан ба фасли баҳор,  ҳасосиятҳои ин фаслро таҷриба мекунанд, ки муттаассифона иддае аз онҳо маҷбуранд ин беморӣ аз қабили обрезиши бинӣ, илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ,  дарду варам кардани онҳо, резиши ашки чашм ва хориши пустро барои  муддати тӯлонӣ таҳамул  кунанд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки дар бисёр маврид одамони ба намудҳои гуногуни бодигармӣ ё худ аллергия рӯ ба рӯ шуда, на ҳама вақт ба табибон муроҷиат мекунанд. Чун дар  пеш фасли баҳор аст,  бо бартараф шудани фасли зимистону оҳиста-оҳиста гарм шудани  вазъи ҳаво, табиат низ  аз хоби ноз бедор мешавад. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб ҳасосиятҳои фасли баҳор боиси хуруҷи бемории бодигармӣ шуда метавонад.

Бемории поллиноз зиёда аз 32 шакли бемориро дар бар гирифта яку якбора аз бини сар зада чашмҳо ба хориш медароянд ба офтоб нигоҳ карда наметавонанд, инчунин дарди сар одамро нороҳат мекунад, ки ҳато ягон дору дарди сарро бартараф карда  наметонад инро микроен мегуянд. Шакли вазнини поллинозро  бемории асмаи бранхалӣ мегуянд, яъне банд шудани роҳҳои нафас  мебошад, ки бештар дар фасли баҳор онҳое, ки аз поллиноз ба диққи нафас гирифтор шуданд аҳволашон бениҳоят вазбин мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки бештари он нафароне, ки ба бемории бодигармӣ мубтало шудаанд он нафарон ба бемории зукоми мавсимӣ яъне грипп гирифтор шуда ба беаҳамияти роҳ дода оқибат ба бемориҳои гаймарит  дучор гашта устухонҳо  аз дарун варам мекунад ва баъдан ба поллиноз мубтало мегарданд. Аз ин нигоҳи илми тиб бо шурӯи фасли баҳор бархе нафарон аз гардичангу гарди гулу дарахтон ба атса, сулфа, хориши гулӯ, резиши об аз бинӣ, ашки чашм ва илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ дучор мешаванд, ки ин бемориро бемории бодигармӣ яъне «Аллергия» меноман.

Мушоҳидаҳо собит сохтаанд, ки бархе аз одамон баъди истеъмоли дорувориҳо ба бемории бодигармӣ гирифтор мешаванд. Барои ҳамин ба он шаҳрвандоне,  ки  баъзе аз  доруҳоро бе тавсияи табибон истеъмол мекунанд ва ё он  гиёҳҳоеро, ки дору гуфта истифода мебаранд, онро танҳо баъди тавсияи  табибон   истифода баранд, чун бе тавсияи табиб онҳо метавонанд, ки шахсро  ба дигар бемориҳо низ гирифтор намояд.

Рӯзноманигор: Азиза Саидова

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.