Дуди оксиди карбон барои одамон ва ҳайвонот заҳрнок мебошад. Оксиди карбон тавассути роҳи нафас ба организм ворид шуда, намегузорад оксиген ба хун равад, ки дар натиҷа фаъолияти организ ввайрон мешавад. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ бо ин газ аҳён-аҳён рух медиҳанд, ки он аз надонистани усулҳои истифодабарии дурусти он рӯй мезанад. Бештари аҳолӣ онро нодуруст истифода мебаранд:
- Дар сатил ва ё сандалӣ, ки дудкаш надоранд гирифта ба хонаҳо медароранд
- Пеш аз мӯҳлат маҳкам кардани клапани дудкаш (задвижка) дар дудкаши бухорӣ (печка)
- Кумур ё ангиштсангро дар хона дуд дода, истифода бурдан мумкин нест, чунки дуди он заҳролуд мебошад.
- Ҳангоми истифодаи ангиштсанг ҳатман тирезачаи хонаро то баромадани дуди ангиштсанг кушода мондан лозим.
Кумаки аввалия
- Зудтар ба духтур расонидан ё дар ҳолати наёфтни нақлиёт зудтар даъват кардани ёрии таъҷилӣ
- То омадани духтур ба берун, ба ҳавои кушод баровардани шахси заҳролудшуда