Ба бемории зуком гирифтор нашудани мо, ин воситаи пешгирии бемории Covid-19 ба шумор меравад

190

Имрӯзҳо мушоҳида карда мешавад, ки бо омад-омади фасли сармо бештари одамон аз беаҳамиятии зиёд ба бемории мавсимии зуком гирифтор мешаванд.  Агар ҳар як шахс ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад ӯ метавонад на танҳо аз бемории зуком балки аз бемории сироятии коронавирус низ худ ва наздиконро муҳофизат намояд.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» баҳри ҳифзи худ аз гирифтори ба  бемориҳои мавсимӣ ва бемории коронавирус, ҳамарӯза ба шаҳрвандон  тавсияҳо дода мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби сар задани бемории зуком ин аз паст будани иммунитет низ вобастагӣ дорад. Сабабҳои паст шудани иммунитетро олимони тиб ба як қатор омилҳо рабт медиҳанд, аз ҷумла, норасоии витаминҳо ҳангоми ҳомиладорӣ, ҷароҳатҳои ирсӣ,  истеъмоли нодурустӣ ғизо, вайроншавии кори меъдаву рӯда, истеъмоли нодурустӣ доруворӣ ва муҳити носолими зист мебошад.

Ҳар як шахс метавонад, ки системаи иммунии худро ба воситаи меваҳои ситрусӣ аз қабили лимон, афлесун, занҷабил (зинг), ангат, каду, карам, сирпиёз, асал, мураббо чой, сабзавотҳо ба монанди гашнич, пиёз, шибит ва сирпиёз таъсири хубе барои баланд бардоштани иммунитети инсон мерасонад. Мутахассисони соҳаи тиб махсус хусусияти шифобахшии асалро таъкид кардаанд, агар  ҳар яки мо дар як рӯз ду қошуқи чойхӯрӣ асал истеъмол намоем  метавонем, ки аз сармохӯрӣ ва зуком  эмин бошем.

Дар баробари истеъмоли асал метавонем аз гиёҳҳои шифобахши ватаниамон ва ё  шарбатҳое, ки аз  меваҳои қоқшуда омода шудааст бинӯшем. Ғизои солимро кафолати саломатӣ меҳисобанд, аз ин лиҳоз мебояд қабл аз ҳама ба истеъмоли он аҳамияти махсус зоҳир намуд. Дар хотир бояд дошт, ки тарзи ҳаёти солим барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати осебпазирии бадан ва баланд бардоштани иммунитет хеле муфид аст.

Мо ҳамарӯза оид ба риояи гигиенаи шахсӣ мавод таҳия ва пешкаши хонандагон мегардонем, аммо дар баробари омода ва пахш намудани мавод мушоҳида мешавад, ки дар бозору кӯчаҳо нафароне ҳастанд, ки ба қоидаҳои одитарини  гигиенаи шахсии худ  риоя намекунанд.  

Барои ҳифз намудани саломатии худ аз бемории зуком  ва гирифтор нашудан ба  бемориҳои  мавсимӣ аз ҷумла бемории сироятии  Covid-19  пеш аз ҳама беҳуда ба кӯча набароед,  гаштугузор дар ҷойҳои серодам ва аз сафарҳое, ки ба шумо муҳим нест худдорӣ кунед. Пеш аз оне, ки худ ва ё ягон аъзои оилаатон ба мағоза ва ҷойҳои серодам мебароянд, ҳатман аз ниқобӣ яккарата ва ё бисёркарата истифода баред, масофаи аз 1,5 то 2 метрро риоя намоед, бо худ доштани маводҳои антисептикӣ ва руймолчаи яккаратаро фаромуш насозед.

Ҳар як шахс пеш аз оне, ки аз кӯча ба хона медарояд ҳатман дастони худро бо собун ва об инчунин маводҳои антисептикӣ шӯяд, бо дастони ношуста ба чашм бинӣ ва даҳони худ даст назанед, ҳангомӣ атса ва ё сулфа задан ҳатман даҳони худро бо руймолчаи яккарата ва ё оринҷи даст пӯшонед, пас аз истифодаи руймолчаи яккарата ҳатман онро ба қуттии сарпӯшдор партоед.

Аз ҳамагон даъват ба амал оварда мешавад, ки пас аз анҷоми кор метавонанд ҳамарӯза якчанд масофаро бо қадамзанӣ тай намоянд, зеро қадамзанӣ метавонад иммунии системаи ҳар яки моро баланд намояд ва гардиши хунро беҳтар гардонад, инчуни ба саломатии  ҳар як шаҳрванд  манфиатовар  мебошад. Аз ин рӯ баҳри солим нигоҳ доштани саломатии худ  ва наздиконатон аз тарзи ҳаёти солим дуруст истифода намонед.

Азиза Саидова
Рӯзноманигори      Муассисаи      давлатии
«Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи
ҳаёти солим»

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.