Аз солҳои 1950-и асри гузашта аз ҷониби олимон тасдиқ шудааст, ки истифодаи тамоку инсонро ба марг оварда мерасонад. Аз ҷониби намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ шумораи сигоркашон дар ҳамаи давлатҳои аврупо бақайд гирифта шудааст. Аз натиҷаи далелҳои бадаст омада маълум гардид, ки маргу мири ҷавонон ва шахсони аз 30 сола боло ки танҳо дар атрофии шаҳрҳо зиндаги мекунанд бо сабаби тамокукаши фавтидаанд 16%-ро ташкил медиҳад. Дар солҳои охир бошад зиёд шудани нафароне, ки ба тамокукаши даст мезананд зиёд ба чашм мерасад. Аз ин ру Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мубориза бо тамокуро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон пурзур намудаанд.
Вазорти Тандурусти ва ҳифзӣ иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии кишварҳои аврупо тасмим гирифтаанд, ки дар робита ба зарари тамоку пайваста доир ба хатарҳои он дар байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳи гузаронанд ва сатҳи тамокукашонро дар ҷумҳури камтар намоянд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар такриби тамоку 4,000 модаҳои заҳрноки гуногун мавҷуд аст, ки метавонад инсонро оҳиста оҳиста то ба марг оварда расонад. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд, ки зиёда аз 80 мамлакат баззаҳои омӯзиши роҳандози намоянду бемориҳое, ки дар натиҷаи тамокукаши ба вуҷуд омадаро ба аҳолӣ бифаҳмонанд. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки инсон ба тамокукаши зуд одат намуда, баҳри даст кашидан аз тамокукаши ба зуди раҳо шуда наметавонад. Татқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бештар нафароне, ки ба тамокукаши даст мезананд ин дар сину соли наврасону ҷавонон дида мешавад, тақрибан 90 % тамокукашон дар мадди аввал ин аз сини 19-солагӣ ва ё барвақтар шуруъ менамоянд . Яке аз сабабҳое, ки наврасон ба тамокукаши даст мезананд ин аз руи ҳавою ҳавас ва ё пайрави ба дӯстон мебошад, аммо онҳо фикр намекунанд, ки тамокукаши метавонад инсонро то ба марг оварда расонад.
Олимон исбот намудаанд, ки нафас кашидани дуди сигор ба бемориҳои системаи дилу рагҳо мусоидат намуда ба маҳкамшавии рагҳои хунгард, ба вуҷуд овардани диққӣ нафас оварда мерасонад. Дар бадани одам адреналине мавҷуд аст, ки бо вуҷуди истифода намудани сигор метавонад, адреналини ӯро зиёд кунад, дар ҳолати баланд шудани адреналини ӯ метавонад ба бемории дил, фишорбаландӣ, бехобӣ, асабхастагӣ, зудранҷӣ гирифтор шаванд.
Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз руйи дуди сигор ба бемориҳои сабуки роҳҳои нафаскаши дучор шуда аз 50 то 100 %-и онҳо ба бемории диққи нафас ва нишонаҳои марги бармаҳал дида мешавад. Дар чунин кӯдакон эҳтимолияти зиёд шудани сигоркаш шудан вуҷуд дорад ба шахсони калонсол бошад гирифторшавии бемориҳои гуногун аз ҷумла бемории сактаи дил 20%, саратони шуш, 20%, ва саратони ғадуди сина дар назар гирифта шудааст.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки занҳои ҳомиладоре, ки ба истифодабарии тамоку даст мезананд ҳаёти худ ва тифли дар батнаш бударо зери хатар мегузорад, чун он ҷанине, ки дар батни модар мавҷуд аст, аз хуни модар ба худ ғизо мегирад. Қайд кардан лозим аст, ки ингуна амалҳои номатлуб оризаҳои зиёд ба монанди кудакпартои, мурда таввалуд кардан, таввалуди бармаҳал ва камвазн таввалуд шудани тифл, инчунин баъд аз таввалуд ба бемориҳои музмин дар давоми ҳайёти ӯ ба миён меояд. Дар баробари ин гуфтан лозим аст, ки сигоркаши ба норасогиҳои модарзоди аз ҷумла лаби заргушмонанд, кӯтоҳ будани дасту пойҳо ва бемории модарзодии сактаи дил гирифтор мешаванд.
Сигоркашии дарозмуддат дар ҳолати ҳомиладори баъзан вақт метавонад ба марги тифли дар батнаш буда оварда расонад. Аз падарони сигоркаш тифлоне ба дунё меоянд, ки аз нигоҳи руҳиву равони ва ҷисмони таъсири манфии худро расонида оризаҳои баъди таввалуд ба монанди саратони кӯдакона, бемориҳои ирси ва нишонаҳои марги бармаҳал ва сактаи ҷисмонии қалб оварда мерасонад. Аз ин ру ҳар як нафар нисбати дуди сигор набояд бетафовути зоҳир намояд, он нафароне, ки сигор намекашанд метавонад аз дуди сигор зарари ҷидди ба саломатии худ бирасонад. Дуди сигор на танҳо як хонаводаро, балки ба воситаи нуқтаҳое, ки ҳавои хонаро тоза менамояд ба дигар нафарон таъсир намояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ба воситаи 5 омил метавонем сатҳи тамокукашонро кам намоем. Якум амал ин фаҳмонидани зарар ва оқибатҳои он ба организми инсон, ҷамовари намудани далелҳо, ки аз оқибати тамокукаши ба бемориҳои музмин гирифтор шудаанд, амалӣ ва роҳандози намудани қонуни манъи фуруши тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла тарабхонаҳо, кинотеатр ва ғайра, баланд бардоштани андоз барои корхонаҳои истеҳсоли тамоку, исбот намудани оқибатҳои тамокукаши мебошад, гуфтабуд Чели Хетвис намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ. Дар баробари ҳамаи ин гуфтаҳо фаромуш набояд кард, ки табиби ҳар кас худи ӯ мебошад. Агар ба саломатии худ ва наздиконатон аҳамияти аввалиндараҷа диҳед метавонед, ки аз ин амалҳои номатлуб ба монанди сигоркаши даст бикашед.
Таҳияи: Азиза Саидова
Шарҳҳо баста шудаанд.