Баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ

248

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”  фаъолияти кории худро дар асоси қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ пайи иҷроиши онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Дар ин ҷода дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ҷиҳати  баланд бардоштани  маърифатнокии тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш ва баъд аз сафар маводҳои видеоӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ хусусан, ВНМО, бемории сил ва гепатитҳои вирусии В ва С, муҳоҷирати бехатар ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастрасӣ карда шуд. Маводҳои видеоӣ дар толорҳои қабул ва муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ мунтазам пахш гардонида мешаванд. Инчунин, маводҳои видеоӣ дар бахш ва шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои намоиш дода мешаванд, то ки дар ноҳияҳои дурдаст муҳоҷирон бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шаванд.

маълумотнокии тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ

Шарҳҳо баста шудаанд.