Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО дар регистони Панҷшанбеи ш. Хуҷанд аксия гузаронида шуд
Дар аксия мутахассисони МТТҲС в. Суғд, ш. Хуҷанд, маркази ВНМО-и вилояти Суғд, маркази Репродуктивии Солимии в. Суғд, Раёсати кор бо занон ва шуъбаи кор бо занон иштирок намудан. Аз он ҷумла оиди бемории коронавирус низ маълумотҳо дода шуд. Ба аҳолӣ ниқоб, маводҳои иттилоотӣ ва рифолаҳо ройгон тақсим карда шуд.