Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

228

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим “  дар байни кормандони Марказ вохӯрӣ анҷом дода шуд. Зикр гардид, ки таъмини ваҳдату якдилии милли ва якпорчагии кишвари маҳбубамон бешубҳа яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба ин неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон мушкилоту монеаҳои сахти айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро мардонавор ва сарбаландона паси сар кардааст. Дар охири ҷаласа ба кормандон зиндагии озоду осуда ва расидан ба қадри ваҳдати миллӣ таманно карда шуд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.