БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БАРОИ САҲМ ГУЗОШТАН ДАР БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБИИ ТОҶИКИСТОН ИЗҲОРИ СИПОС МЕНАМОЯД

189

Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) зимни як чорабинӣ, ки имрӯз барогузор гардид, ҳудуди 3000 тонна орди гандуми ғанигардонидашударо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Ин кӯмак талаботи Барномаи миллии ғизои мактабиро барои чаҳор моҳи оянда бо ин навъи маводи хӯрока таъмин хоҳад намуд.

Ин нахустин бастаи кӯмак ба шумор меравад ва то охири соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 6000 тонна орди гандуми  ғанигардонидашуда бояд бо маблағгузории Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад.

Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон дар ин чорабинӣ ширкат доштанд.

“- Бо шарофати ҳамкориҳои зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, БОҶ ба насли наврас тавассути таъмини ғизои мактабӣ барои расидан ба қобилияти пурраашон кӯмак мерасонад”, қайд намуд намоянда ва директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес. “Мо аз дастгирии назаррас ва пайвастаи Россия, ки барои кӯмак ба мактаббачагон зарур аст, бениҳоят миннатдорем.”

Соли 2019, беш аз 500000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз синфҳои 1 то 4 бо шӯрбои гарми серғизо ё дигар хӯрокҳои миллӣ ва нони маҳаллӣ, ки бо кӯмаки БОҶ тайёр карда шуданд, таъмин гардиданд. Ин барнома 2000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар  52 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифт.

Барномаи ғизои мактабии БОҶ калонтарин барнома дар Тоҷикистон ба шумор рафта, он ӯҳдадории амиқи ташкилотро дар роҳи беҳбуди зиндагӣ нишон медиҳад. Дар ҷомеаҳои осебпазир ва дорои ноамнии озуқаворӣ, таъмини ғизои солим ба кӯдакон дар мактаб метавонад маънои на танҳо ғизо ва саломатии беҳтарро дошта бошад, балки дастрасӣ ба таҳсилро низ афзоиш диҳад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, БОҶ ба дастгирии барномаҳои рушд, ки ба таҳкими иқтидорҳои институтсионалӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Аз соли 1999 инҷониб, созмони болозикр дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва идоракунии Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвар ҳамкорӣ мекунад.

Бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузариши ботадриҷи раванди милликунонии Барномаи ғизои мактабӣ, ки аз соли 2021 оғоз мегардад, ҳамкорӣ менамояд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.