Пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъятӣ (кӯчаву хиёбонҳо, нуқтаҳои савдо, беморхонаҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ниёзманд)
Риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ (зуд-зуд шӯстани даст бо собун, даст нарасондан ба ашёҳои бегона, тоза нигоҳ доштани атрофи худ, бо худ доштани маҳлули безараргардонанда)
Риояи фосилаи иҷтимоӣ (ҳангоми баромадан аз хона ба кӯча, бо даст салом накардан ва оғуш нагирифтан бо наздикон, дар миёни одамон аз 1,5 то 2 метр фосила гирифтан)
Ҳангоми муошират бо бемор (пушидани ниқоби тиббӣ, риояи фосила байни ҳамдигар, даст нарасонидан ба ашёҳои гирду атрофи бемор ва зиёд ҳузур надоштан)
Дар мавриди атса ва сулфа задан (пӯшонидани даҳон, бинӣ бо рӯймолчаи яккарата ё оринҷи даст)
Пеш аз омода намудани хӯрок (шустани дастон бо собун, бовари ҳосил намуданд ба тозагии зарф ва маҳсулот)
Ҳузур доштан дар мавқеи корӣ (тоза ва безарар нигоҳ доштани ашёҳои корӣ, риоя намудани фосила ҳангоми муошират бо ҳамкорон)
Ҳангоми хӯрдани хӯрок дар хона ва кӯча (бовари ҳосил намоед, ки он чизе истеъмол мекунед, тоза ва хуб пухта бошад ва пеш аз истеъмол тоза шӯстани дастон бо собун)
Риояи қойдаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (пӯшидани ниқоб, фосилаи иҷтимоӣ, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, даст нарасонидан ба рӯй, бинӣ, даҳон ва ашёҳои гирду атроф)
Ҳангоми баромадан аз хона (надоштани ҳарорати баланд, сулфа, резиши оби бинӣ ва бемадорӣ)
Ин татбирҳо метавонанд мо ва наздиконамонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд.
Шарҳҳо баста шудаанд.