Бемори зуком ва роҳҳои пешгирии он.

123

Бо фарорасии фасли сармо ба бемории зуком гирифтор шудани кӯдакон ва ҳам калонсолон бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳамасола натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари сайёраи замин миллионҳо одамон ба бемории сироятии зуком гирифтор мешаванд.
Зуком — бемории шадиди сироятӣ буда, бо роҳи ҳавои қатрагӣ мегузарад. Вируси зуком (грипп) қисми сирояти шадиди вирусии респираторӣ маҳсуб ёфта, бо гузашти вақт, метавонад ба эпидемия ва бемориҳои сироятӣ мубаддал гардад.
Эпидемияи зуком баъзан муввақатан баста шудани боғчаю мактабҳо ва ҳатто аз фаъолият боз мондани корхонаҳои азими саноатӣ мегардад, масалан дар давлатҳои пешрафтаи олам ҳамасола наздик ба миллиард ҳолати гирифтор шудан ба зуком ба қайд гирифта мешавад. Одамон зукомро шамолхурии одди ҳисобида ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл зуком бемории сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт аз паси табобат нашудан метавонад чандин бемориҳои дигарро ба вуҷуд орад. Зукомро асосан се навъи микроорганизмҳо ба вуҷуд меоранд. Сироятёбӣ аз микроорганизмҳои навъи А ва В боиси сар задани бемориҳои сироятии мавсимӣ мегардад, ки маъмулан аз охири тирамоҳ оғоз ёфта, то нимаҳои фасли баҳор давом мекунан, сироятёбӣ бо вируси навъи С камтар ба мушоҳида расида, бемориҳои нисбатан сабукро ба вуҷуд меорад ва манъбаи сироят ва паҳнкунандаи ин беморӣ шахсан худи бемор мебошад. Ин вирус ҳагоми атса задан бо роҳи ҳавоию қаррагӣ ба муҳити атроф паҳн шуда, метавонад сироятёбии одамонро бештар кунад. Организми мо доимо бо вирусҳо мубориза мебарад ва нақши муборизаро иммунитет бозӣ мекунад, агар масунияти мо паст бошад хавфи бештари сироятёбӣ дар мо бештар мегардад. Барои баланд бардоштани масъуният мо бояд меваю сабзавоти тару тоза, афшураи лиму, сирпиёз истифода барем. Ба касе пӯшида нест, ки зуком ва ё дигар намуди бемории сирояткунандаро баландшавии ҳарорати бадан азият медиҳад. Дар ин ҳолат истеъмоли доруҳои бартарафкунандаи дард пешбинӣ мешавад, ки дар таркиби онҳо паратсетамол мавҷуд бошад. Агар ҳарорати бадани бемор баланд гардад, воситаҳои гармшавӣ (компресс, ваннаи гарм ) набояд истифода бурд.

Нишонаҳои бемории зуком чунин мебошад.
• Баланд шудани ҳарорати бадан
• Беҳолию бемадорӣ
• Табларза
• Пайдоиши сулфаи хушк
• Дарди сару мушакҳо
• Дарди гулӯ ва резиши оби бинӣ
Ҳангоми гирифтор шудан ба ин бемори ба худтабобаткуни роҳ надода ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед, ин ягона роҳи хуби табобат!

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.