БЕМОРИИ БРУТСЕЛЛЁЗ ВА ПЕШГИРИИ ОН

178

Брутселлёз – бемории шадиди сироятӣ мебошад, дар њолати сари вақт муолиҷа накардан метавонад ба шакли музмин гузарад.

Шаклҳои брутселлёз:

Брутселлёзи шадид (давомнокиаш то 1,5 моҳ);

Шакли зершадид (то 4 моҳ);

Шаклҳои музмин (зиёда аз 4 моҳ);

Сабабҳои гирифтор шудан ба  бемории брутселлёз

Манбаи асосии барангезандаи брутселлёз барои одамон ҳайвоноти хонагӣ –  гӯсфандон, бузҳо, чорвои калон говҳо ва маҳсулоти онҳо мебошанд.

Роҳҳои гузариш тамосӣ буда, барангезандаи брутселлёз (брутселла) ба воситаи пардаи луобии узвҳои ҳозима ва ҷойҳои харошидаи пӯст ба организм ворид мешавад.

Роҳҳои паҳншавии брутселлёз гуногун мебошад, зеро брутселлаҳоро ҳайвоноти касал ба воситаи ҳамаи системаи (узвҳои) ихроҷӣ ҷудо менамоянд. Яке аз роҳҳои паҳншавӣ истеъмоли маҳсулоти хуроквории аз ҳайвони сироятгардида мебошад – шири хом ва маҳсулоти ширӣ (панир бринза, саршир, қаймоқ ва ғ.) Шири гов сабаби сироятнокшавии бисёре аз одамоне аст (махсусан дар шаҳрҳо), ки аз рӯи касбашон бо чорводорӣ алоқае надоранд, чунки брутселлаҳо дар шир то 10 рӯз, дар панир бошад то 45 рӯз нигоҳ дошта мешаванд.

Беморӣ аз шахси бемор ба шахси солим намегузарад. 

Беморшавӣ дар байни шахсоне, ки бо ҳайвоноти касал иртибот доранд (чӯпону подабонҳо, говҷӯшон, коргарони фермаҳо) бештар мушоҳида мегардад.

Хавфи сироятёбӣ дар вақти нигоҳубини ҳайвонот, махсусан ҳангоми зоиш ва исқоти ҳамл зиёд мешавад. Сироятёбӣ имкон дорад ҳангоми коркарди гӯшти хом, пӯст ва пашми ҳайвоноти гирифтори брутселлёз (коргарони саноати коркарди гӯшт, заводҳои коркарди чарм) ба амал ояд.

Бинобар ин дар вақти зоиш, тӯлгирӣ ва исқоти ҳамл, нигоҳубини ҳайвонот дар давраи баъдизоиш, инчунин дар мавриди харидан ва тарошидани пашми гӯсфандон бисёр бо эҳтиёт бояд буд.

Оқибатҳои  брутселлёз:

Беморӣ асосан ба узвҳои такягоҳу ҳаракат (буғумҳои дасту пойҳо) осеб мерасонад. Дар буғумҳо сурхшавӣ, варам ва дард пайдо мешавад, ки ҳаракат кардан душвор мегардад.

 

Чораҳои пешгирикунанда

– риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар вақти кор бо ҳайвонот;

– риояи қоидаҳои коркарди маҳсулоти ҳайвонот (дар вақти қассобӣ ва кадбонугӣ);

– риояи беҳдошти шахсӣ ва муҳофизати фардӣ (пӯшидани хилъатҳо, дастпӯшакҳои резинӣ, пешдоманҳо, пойафзоли махсус ва ғ.)

_ азназар гузаронии ҳайвонҳо ҳангоми дарёфти манбаъ дар маҳал ва ба эмгузаронӣ фаро гирифтани ҳайвонҳо аз тарафи бойторон

                                   Таҳияи: Музаффари Нарзулло мутахассиси МД “МҶТТҲС”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.