Ҳамасола 29 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дил таҷлил мешавад. Ин рӯз бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил соли 1999 ташкил шуда, иқдоми мазкурро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои аввал Рӯзи байналмилалии дил якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мешуд ва шурӯъ аз соли 2011 ин сана ҳамасола 29 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи иттилои коршиносони соҳаи тиб, айни замон бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар сабаби асосии гирифторӣ ба марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон гардидаанд. Ҳар сол ин беморӣ ҳаёти беш аз 17 ҳазор одамро аз байн мебарад. Сабаби афзоиши бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, пеш аз ҳама, баландшавии фишори хун, афзоиши сатҳи хлостерин ва қанд дар хун, сигоркашӣ, истеъмоли ками сабзавоту меваҷот, фарбеҳии зиёд ва беҳаракатӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки тарзи носолими ҳаёт, ки ба бемориҳои қалб мувоҷеҳ мегардонад, аксар вақт дар синни кӯдакиву наврасӣ поя мегиранд, ки бо афзоиши он таҳдидашон бештар мегардад. Аз ин рӯ, пешгириро ҳанӯз аз овони хурдсолӣ бояд ба роҳ монд.
Ба гуфтаи мутахассисон метавон 80 фоизи марги пеш аз муҳлатро, ки аз сактаи дилу майнаи сар ба амал меояд, пешгирӣ кард, ба шарте, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, аз истифодаи тамоку худдорӣ кунем, ғизои муфид истеъмол намуда, фаъолияти ҷисмониямонро бештар гардонем.
Солҳои охир бемории дил ҷавон шуда, дар байни ҷавонон бештар ба чашм мерасад. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба бемории дилу рагҳои хунгард фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҳолати асабию рӯҳӣ, баландшавии миқдори холестерин дар таркиби хун, тарзи нодурусти ҳаёт, истифодаи зиёди тамоку ва истеъмоли барзиёди машрубот мебошанд. Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин гуна бемории хатарнок ҳар шахс бояд аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шуда, ғизои солим истеъмол намояд.
Тибқи омори мавҷуда, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 17 миллион одамон аз бемориҳои дил мефавтанд. Инчунин пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад.
Имрӯзҳо дар кӯдакони навзод низ бемории дил зиёд ба назар расида, аксарияти он модарзодӣ мебошад. Сабаби пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил гуногун мебошад. Ҳангоми пайдошавии узвҳои ҷанин дар ҳафтаҳои 4-8-уми ҳомиладории зан системаи дилу рагҳо инкишоф меёбад. Агар дар ин давра ба организми зани ҳомила омилҳои хатарнок таъсир расонанд, аз ҷумла беморшавӣ дар 3-моҳаи аввали ҳомиладорӣ, асабоният, носолимии оила ва истеъмоли ҳар гуна доруворӣ, ки ба ҷанин таъсир доранд, ин ҳолат метавонад сабаби асосии пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил ва тамоми узвҳо дар системаи организми кӯдак гардад.
Тибқи тавсияи мутахассисон, нафаре, ки фаъолияти кории якранг дораду ҳаракати ҷисмонӣ кам мекунад,бояд дар байни 2 соат 10 — 15 дақиқа қадам зада, дасту пойҳоро ҳаракат диҳад ва гардиши хунро фаъол гардонад, то рагҳои бекорхобида ба кор даромада, фаъол шаванд. Дар ҳолати фаъол нагардонидани рагҳо онҳо чарбу гирифта, дар оянда ба бемории ишемикии дил ва сактаи дил оварда мерасонанд.