Бемории Гепатити вирусии -А ва роҳҳои пешгирии он.

251

        Гепатит бемории сирояткунанда буда дар он бештар ҷигари инсон зарар мебинад.Ин бемории мавсимӣ  буда дар вақтҳои тирамоҳу  зимистон рост меояд,ки ба он шумораи зиёди аҳолӣ ва бештар кӯдакон гирифтор мешаванд.Роҳҳои асосии сироятёбӣ ин аз шахси бемор ҳангоми риоя накардани  қоидаҳои  санитарӣ, ё аз манбаҳои ифлос нӯшидани об, аз маводҳои хӯрокае ки он тавассути пашшаҳо бо барангезандаи гепатит сироят ёфтааст мебошад .Сабабҳои асосии  гирифторшави ба гепатит  гуногун мебошанд.Дар кӯдакон мисол  дар фасли тирамоҳ  аз мева об хӯрокҳои  бо барангезандагони гепатит сироятёфта ва дастони ношуста пайдо мешавад.Дар одамони калон бештар тавассути хун яъне намуди вирусиаш сироят меёбанд. Бемороне ки бо гепатит сироят ёфтаанд бо чунин нишонаю  шикоятҳо муроҷиат мекунанд.

  • Дард дар зери қабурғаи рост
  • Ҳисси вазнини ва тарангии шикам
  • Талхи ва хушкии даҳон
  • Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ
  • Дардҳо дар буғумҳо
  • Баландшавии ҳарорати бадан
  • Гум шудани иштиҳо
  • Бемадорӣ бадшавии хоб
  • Зардшавии сафедпардаи чашм
  • Шапарак дар руй харобшавӣ
  • Калоншавии ҷигар
  • сурху ҷигарранг шудани пешоб ва  сафедшавии ранги фазла (ахлот)

Дар вақти ба зардпарвин гирифтор шудан бояд ба табиби оилавӣ  муроҷиат намоед, чунки баъзан вақт ин беморӣ  бе зард шудани пусту сафедпардаи чашм пайдо мегардад.Ин бемориро бо усули супоридани хун муайян мекунанд ,дар таҳлили хун афзудани суръати таҳшиншавии эритроситҳо лейкоситҳо пайдо  мегардад. Аз ҳама шакли вазнини беморӣ ин намудҳои вирусии  гепатит мебошад, ки тавассути хун ба одамон мегузарад.Он ба панҷ гуруҳи асосӣ тақсим мешавад.А, В,С, Д,ва  Е. Гепатитҳои  В ва С сарчашмаи  асосии  сироз  ва саратони ҷигар буда  ҳамчун гепатитҳои хатарнок барои инсонҳо маълум аст. Гепатити  В ва С ба одамон бо роҳи истифода аз як сӯзандору, дастгоҳи ришгирӣ, чуткаи дандоншӯӣ, ва дар умум бо роҳи хун мегузарад.Дар вақти табобат накардани гепатитҳо он ба  фаъолияти ҷигар таъсир расонида,  саратони ҷигарро  ба вуҷуд меорад.Гепатитҳои А ва Е бошанд  ҳангоми риоя накардани  гигиена ва аз шахси бемор ҳангоми риоя накардани қоидаҳои оддитарини санитарӣ ба шахси  солим мегузарад.

Чораҳои пешгирикунанда

  • ин эҳтиёт намудан аз алоқа бо хуни сироятёфтагон ,
  • истифодаи асбобҳои тиббии яккарата
  • истифодаи асбобҳои шахсии худ дар кошонаҳои ҳусн,
  • Оби ҷӯшонидашударо нӯшида меваю сабзавотро низ бо чунин об шустан лозим аст
  • Пеш аз хӯрдани таъом,ҳамеша дастонатонро бо собун покиза шӯед
  • Баъд аз қазои ҳоҷат ҳамеша дастонатонро бо собун шӯед
  • Барои пешгирии паҳншавии зардпарвин, бемор бояд сари вакт бистарӣ карда шавад.

Беҳтарин роҳи табобат ин сари вақт муроҷиат намудан  ва муолиҷа кардан аст.

 

“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.