БЕМОРИИ ҲОРӢ (девонагӣ)

102

 

 БЕМОРИИ ҲОРӢ (девонагӣ) яке аз бемории шадиди хатарноки вирусии зоонозӣ буда, яке аз панҷ бемории сироятии барои одамон ва ҳайвонот маъмул аст. Дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардани шахс ба муассисаҳои тандурустӣ  инсон ба ҳалокат мерасад. Манбаи асосии сироят, осеб дидан аз ҳайвоноти мубталои ҳорӣ мебошад. Беморӣ, яъне сироят, тавассути газидан ё осебрасонии ҳайвонот ба инсон ва ҳайвонот, вақти барангезанда ба сатҳи осебдидаи пӯст ё луобпардаҳо ворид шудан, сар мезанад.

       Дар вақти осеб расонидани ҳайвон ба инсон шахс новобаста аз сол   бояд ба   муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намуда, он ваксинаеро, ки барои пешгирии бемории ҳорӣ муқаррар  карда шудааст, гирад. Агар шахс   бепарвоӣ карда, сари вақт ба табибон муроҷиат накунад, мутаассифона, баъди пайдо шудани ҳолатҳои ба бемор кумак расонида мушкил шуда он ба фавт оварда мерасонад.

     Бемории ҳорӣ (девонагӣ), ки, асосан, аз газидани саг пайдо мешавад, яке аз масъалаҳои доғест, ки боиси нигаронии мардуми ҷаҳон гаштааст. Афзудани теъдоди сагҳои кӯчагарду бесоҳиб, ки сабаби асосии сироятёбии бемории ҳорӣ мегардад, имрӯз мушкили ҷиддиву хатарзо ба саломатии ҷомеа ва ҳайвонот маҳсуб меёбад.

Чанд намуди беморӣ ҳорӣ вуҷуд дорад?

      Ин бемори ду намуд мешавад: Кӯчагӣ- яъне ваз сагу гурбаҳои бемор, ки дар кӯчаҳо дайду буда,  манбаи сироят мешаванд. Ҷангалӣ-  вақте ки сироят дар муҳити табиӣ паҳн шуда, ҳайвоноти ваҳшӣ манбаи сироят мебошанд.

       Манбаъҳои аслии ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳайвоноти ваҳшии даранда, аз қабили гург, шағол, дар баъзе маврид кӯршапаракҳо, хояндаҳо ва, ҳамчунин, ҳайвоноти хонагӣ, аз қабили гов, саг, гурба, хар, асп, бузу гӯсфанд мебошанд.

Аломатҳои ин бемори кадомҳоянд?

       Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, вақте ки ташхис дар ҳайвоноти бемор тасдиқ мешавад, беморро дар як ҳуҷраи алоҳида ҷойгир намуда, кӯшиш кардан зарур аст, ки ба бемор камтар фишор оварда шавад. Сарчашмаи беморӣ ҳайвоноти бемор буда, баъди газидани онҳо вирус ба бадан дохил мешавад ва микдори он зуд инкишоф ёфта, тавассути торҳои асаб ба майна ҳаракат мекунад вирусҳо зиёд мешавад, ҳарорати бадан то 37,2 – 37,3 дараҷа баланд, аломатҳои нотавонӣ ва бемадорӣ мушоҳида мешаванд. Марҳилаи инкишофи интенсивии беморӣ аз 2 то 4 рӯз давом мекунад.

Барои пешгири ин бемори чӣ бояд кард?

  • пеш аз ҳама нест кпрдани ҳайвонот ва сагҳои дайду ;
  • ҷойи газидаи ҳайвонро бо собун шуста ба духтур муроҷиат кардан лозим аст
  • тавсияи духтурро ҳатман риоя кардан лозим
  • ҳайвони газида бояд зери назорати духтури бойторӣ гирифта шавад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.