Бемории сил табобатшаванда аст

113

Бемории сил яке аз бемориҳои сирояти буда, аз шахси бемор ба нафари солим тавассути роҳҳои ҳавоию қатрагӣ мегузарад. Нафаре, ки ба бемории сироятии сил гирифтор мешавад дар бадани ӯ нишонаҳои беҳолӣ, сулфаи давомнокиаш зиёда аз ду ҳафта, 

баъзан вақт бо хориҷ намудани балғам,  камшавии иштиҳо, камшавии вазн, арақкунии шабона, дарди қафаси синна ва баландшавии ҳарорати бадан пайдо мешавад. 

Яке аз рафторҳое, ки имрӯз хатари авҷ гирифтани бемории силро ба вуҷуд меорад, беэътибории баъзе аз шахсон ва то ба охир табобат нагирифтани гирифторони бемории сил мебошад ва ин беэътиборӣ  ҳамчун манбаи интиқоли ин беморӣ боқи мемонад.

Хушбахтона бемории сил табобатшаванда аст, аммо пешгирии он беҳтар аз табобат аст. Боиси қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ 66 маркази зиддисилии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 4 Маркази вилоятӣ, 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина, 4 беморхонаи зиддисилии вилоятӣ, 1 беморхонаи байниноҳиявӣ дар ноҳияи Восеъ, 1 беморхонаи кумаки таскинӣ ва 24 шуъбаи зиддисилӣ дар назди марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва дигар марказҳои саломатӣ  барои хизмат намудан ба аҳолӣ равона карда шудааст. Як дарку фаҳмиш барои аҳолӣ возеҳ аст, ки ҳеҷ кас намехоҳад кораш ба бемористон афтад, аммо мутаассифона баъзан бетаваҷҷуҳӣ шахсро ба беморхона мекашад. Фикр мекунам агар шахс андешаи худро зери унвони пешгирӣ ва эҳтиёткорӣ дошта бошад, эҳтимоли беморшавияш кам мегардад ё тамоман бемор намешавад. Хусусан роҳҳои пешгирии бемории сил эҳтиёткорӣ ва сари вақт табобати  комилро  талаб мекунад.

Ба андешаи чанде аз олимон ва мутахассисони тандурустӣ табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳро дар бар мегирад, ин ҳам дар ҳоле, ки табобат ҷиддӣ ва бо пуррагӣ ба роҳ гузошта шавад. Агар дар ҳоле, ки табобат дуруст ба роҳ монда нашавад, имконияти шифоёбӣ ғайри имкон мебошад ва ё табобати дуру дарозро талаб мекунад. Мутаассифона имрӯз бо шахсони гирифтори бемории сил вохӯрдан мумкин аст, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтанаш талошҳои зарурӣ намекунад ва бо табобати нодуруст чандин нафари дигарро, ки гӯё ӯ шифо ёфтааст, сироят менамояд. Аз ин лиҳоз шахсоне, ки ба ин бемории  сироятӣ гирифтор шудаанд, бояд худро таҳти назорати табибон то пурра барқарор шудани саломатияшон қарор диҳанд ва аз тавсияҳои онҳо самаранок истифода баранд, то ки комилан шифо ёбанд.  

Дар ин хусус даъвати табибони силшинос ҳамин аст, ки шахси гирифторшуда ба бемории сил набояд бемории худро пинҳон кунад, баракс мубориза бараду сари вақт табобат гирад, солимии худ ва дигаронро зери хатар нагузорад.  

Табобати бемории сил пурра ройгон аст ва ин шароит фароҳам меорад, ки беморони сил сари вақт ба табобат фаро гирифта шаванд. Албатта табобати бемории сил ба осонӣ ба даст намеояд, аз бемор тақозо мекунад, ки ба парҳезкорӣ ва истеъмоли дурусти доруворӣ таваҷҷуҳ дошта бошад ва реҷаҳои онро қатъӣ риоя намояд. Доруву дармон пайдо мешавад, вале комилан барқарор намудани саломатӣ ғайри имкон аст, аз ин рӯ моро зарур аст, ки даст ба дасти ҳам дода, бар зидди бемории сил мубориза барем ва онро дар якҷоягӣ мағлуб созем.

                                                                                                                                                             Рӯзноманигор:

                                                                                                                                                                  Азиза Саидова

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.