Бемории зардпарвин

88

Гепатит бемории сирояткунанда буда дар он бештар ҷигари инсон зарар мебинад. Ин бемории мавсимӣ  буда дар вақтҳои тирамоҳу  зимистон рост меояд, ки ба он шумораи зиёди аҳолӣ ва бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Роҳҳои асосии сироятёбӣ ин аз шахси бемор ҳангоми риоя накардани  қоидаҳои  санитарӣ, ё аз манбаҳои ифлос нӯшидани об, аз маводҳои хӯрокае ки он тавассути пашшаҳо бо барангезандаи гепатит сироят ёфтааст мебошад. Сабабҳои асосии  гирифторшави ба гепатит  гуногун мебошанд. Дар кӯдакон мисол  дар фасли тирамоҳ  аз мева об хӯрокҳои  бо барангезандагони гепатит сироятёфта ва дастони ношуста пайдо мешавад. Дар одамони калон бештар тавассути хун яъне намуди вирусиаш сироят меёбанд. Бемороне ки бо гепатит сироят ёфтаанд бо чунин нишонаю  шикоятҳо муроҷиат мекунанд.

  • Дард дар зери қабурғаи рост
  • Ҳисси вазнини ва тарангии шикам
  • Талхи ва хӯшкии даҳон
  • Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ
  • Дардҳо дар буғумҳо
  • Баландшавии ҳарорати бадан
  • Гум шудани иштиҳо
  • Бемадорӣ бадшавии хоб
  • Зардшавии сафедпардаи чашм
  • Шапарак дар руй харобшавӣ
  • Калоншавии ҷигар

Дар вақти ба зардпарвин гирифтор шудан бояд ба табиби оилавӣ  муроҷиат намоед, чунки баъзан вақт ин беморӣ  бе зард шудани пусту сафедпардаи чашм пайдо мегардад. Ин бемориро бо усули супоридани хун муайян мекунанд, дар таҳлили хун афзудани суръати таҳшиншавии эритроситҳо лейкоситҳо пайдо  мегардад. Аз ҳама шакли вазнини бемори ин намудҳои вирусии  гепатит мебошад, ки тавассути хун ба одамон мегузарад. Он ба панҷ гуруҳи асоси тақсим мешавад. А, В, С, Д ва  Е. Гепатитҳои  В ва С сарчашмаи  асосии  сироз  ва саратони ҷигар буда  ҳамчун гепатитҳои хатарнок барои инсонҳо маълум аст. Айни замон тибқи ҳисоботҳо 257 миллион нафар бо гепатити В умр ба сар мебаранд, ва 71 миллион нафар аз гепатити С азият мекашанд. Гепатити  В ва С ба одамон бо роҳи истифода аз як сӯзандору, дастгоҳҳои ришгирӣ, чуткаи дандоншӯӣ, ва дар умум бо роҳи хун мегузарад. Дар вақти табобат накардани гепатитҳо он ба  фаълияти ҷигар таъсир расонида саратони ҷигарро  ба вуҷуд меорад.

Чораҳои пешгирикунанда

  • ин эҳтиёт намудан аз алоқа бо хуни сироятёфтагон ,
  • истифодаи асбобҳои тиббии яккарата
  • истифодаи асбобҳои шахсии худ дар кошонаҳои ҳусн, дар вақти табобати дандон мебошад.
  • Оби ҷӯшонидашударо нӯшида меваю сабзавотро низ бо чунин об шустан лозим аст
  • Пеш аз хӯрдани таъом, ҳамеша дастонатонро бо собун покиза шӯед
  • Баъд аз қазои ҳоҷат ҳамеша дастонатонро бо собун шӯед
  • Барои пешгирии паҳншавии зардпарвин, бемор бояд сари вақт бистарӣ карда шавад.

Беҳтарин роҳи табобат ин сари вақт муроҷиат намудан  ва муолиҷа кардан аст.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.