Бемории зуком ва роҳҳои пешгирии он

233

Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас мебошад. Барангезандаи зуком вирус маҳсуб ёфта, аксар вақт ба ин беморӣ кӯдакону пиронсолон, ки масунияти заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Ба зикри мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои гирифтор нашудан ба бемории зуком бояд одитарин қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикиро  риоя намуда, дар ҷойҳои серодам аз  ниқобҳои тиббӣ истифода намуд. Пеш аз истеъмоли хурок ҳатман дастонро бо собун шуст.  Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва чангҳои хонаро бо латтаи тар тоза кардан муфид мебошад. Ҳангоми атсаза ва сулфа даҳонро бо рӯймолча ва ё оринҷи даст пӯшонидан хуб аст.

Дар ҳолати пайдо шудани ҳарорати баланди бадан ва дигар нишонаҳои беморӣ ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, ба худтабобаткунӣ набояд  роҳ  дод. Зеро, агар зуком сари вақт табобат шавад, он  боиси илтиҳоб ва дигар  оризаҳо  намегардад.

Бояд зикр намуд, ки ба беморони гирифтори зуком вобаста ба аломатҳои клиникии он табобат таъйин карда мешавад.

Ба андешаи мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Табаров машгул шудан ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ба пешгирии як қатор бемориҳо, аз ҷумла зуком нақши муҳим дорад. Инчунин сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат ва истироҳати бомеъёр ва истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» Муродалӣ Рӯзиев  дар Тоҷикистон бештар вақт зукоми намуд А ва В ба қайд гирифта мешавад ва ҳоло ин ду намуди вирус  дар мамлакат фаъол мебошанд.

Зукомро баъзе нафарон бемории сабук пиндошта, аҳамият намедиҳанд, ки ин  хато аст. Дар ҳолати беаҳамиятӣ зоҳир намудан он метавонад ба оризаҳо оварда расонад. Вируси зуком аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Шахси сироятшуда барои аҳли хонавода манбаи  паҳнкунии беморӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳолати сироят ёфтан шахс дар худ табларза, ҳарорати баланд, дар мушаку буғумҳо дардро эҳсос менамояд  ва аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашад. Инчунин  оби бинӣ зиёд ва  димоғ маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос  мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Дар ин вақт тавсия дода мешавад, ки бештар ба нӯшидани оби ҷӯшонидашуда бо лиму ва асал, чой ва афшураи меваҳо машгул шуд. Ин барои зуд шифо ёфтан ва пешгирии оризаҳо хеле манфиатовар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  то ҳол олимони соҳаи тандурустӣ беш аз 2 ҳазор намуди вируси зукомро муайян кардаанд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол зуком дар ҷаҳон боиси ба бемориҳои вазнин дучор шудани 3-5 миллион нафар шуда, чандин ҳазор нафар аз ин беморӣ мефавтанд.

                                                                                                                                                                                         “Ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.