Бемории зуком ва роҳҳои пешгирии он дар фасли сармо.

183

Бо фарорасии мавсими сармо,  ба зуком гирифтор шудани  кӯдакон ва ҳам калонсолон бештар ба мушоҳида мерасад .Ҳамасола натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари сайёраи Замин миллионҳо одамон ба бемории сироятии зуком  гирифтор мешаванд.

Зуком — бемории шадиди сироятӣ буда, он ба роҳи нафас мегузарад.  Вируси зуком (грипп) қисми  сирояти шадиди вирусии респираторӣ маҳсуб ёфта, бо гузашти вақт он метавонад ба эпидемия ва бемориҳои сироятӣ мубаддал гардад.

Эпидемияи зуком  баъзан боиси муввақатан баста шудани боғчаю мактабҳо ва ҳатто аз фаъолият бозмондани корхонаҳои азими саноатӣ мегардад, масалан дар давлатҳои пешрафтаи олам ҳамасола наздик ба миллиард ҳолати гирифтор шудан ба зуком   ба  қайд гирифта мешавад.Одамон зукомро шамолхурии одди ҳисобида ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл зуком бемории сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир  намудан ва сари вақт аз паси табобат нашудан метавонад чандин бемориҳои дигарро ба вуҷуд орад. Зукомро   асосан се навъи микроорганизмҳо ба вуҷуд меоранд. Сироятёбӣ аз микроорганизмҳои навъи А ва В боиси сар задани  бемориҳои сироятии мавсимӣ мегардад, ки маъмулан аз охири тирамоҳ оғоз ёфта, то нимаҳои фасли баҳор давом мекунанд. Сироятёбӣ бо вируси навъи С камтар ба мушоҳида расида, бемориҳои нисбатан сабукро ба вуҷуд меорад.Манъбаи сироят ва паҳнкунандаи беморӣ шахсан худи бемор мебошад.Ин вирус ҳагоми атса задан  бо роҳи ҳавоию қаррагӣ ба муҳити атроф паҳн шуда метавонад сироятёбии одамонро бештар кунад. Инчунин, тарзи ҳаёти солим, истифодаи ғизои дурусти аз витаминҳо бойбуда , пӯшидани либоси гарми мавсимӣ, дар манзилҳо ва утоқҳо нигоҳ доштани гармӣ дар ҳолати меъёрбуда  яъне 20-26 градус  истифодаи ниқобҳои тиббии яккарата роҳҳои асосии пешгирии ин бемориҳо мебошад. Риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ низ яке аз роҳҳои пешгирикунанда аз сироятёбӣ  мебошад.. Бо худмуолиҷакунӣ  машғул шудан ва бе назорат истифода намудани маводҳои доруворӣ ба саломатии Шумо таъсири манфӣ мерасонад.Организми мо доимо бо вирусҳо мубориза мебарад ва нақши муборизаро иммунитет бозӣ мекунад,агар масунияти мо паст бошад хавфи бештари сироятёбӣ дар мо бештар мегардад.Барои баланд бардоштани масъуният мо бояд меваю сабзавоти тару тоза , афшураи лиму ,сирпиёз истифода барем.Ва ҳангоми аз хона ба берун баромадан аз ниқобҳои  яккарата истифода намоем. Чун  зуком бемории вирусӣ аст, қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шуштани дастҳо бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90%-и  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд, ва гирифторшавӣ ба бемориро дур созад.  

 Ба касе пӯшида нест, ки зуком ва ё дигар намуди бемории сирояткунандаро баландшавии ҳарорати бадан азият  медиҳад. Дар ин ҳолат истеъмоли доруҳои бартарафкунандаи дард  пешбинӣ мешавад, ки дар таркиби онҳо паратсетамол мавҷуд бошад.

Нишонаҳои бемории зуком чунин мебошад.

  • Баланд шудани ҳарорати бадан
  • Беҳолию бемадорӣ
  • Табларза
  • Пайдоиши сулфаи хушк
  • Дарди сару мушакҳо
  • Дарди гулӯ ва резиши оби бинӣ

Ҳангоми грифтор шудан ба ин беморӣ  ба худтабобаткунӣ  роҳ надода ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед ,ин роҳи хуби табобат мебошад.

 

“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.