БОҶ ВА КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ТОҶИКИСТОН БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ УСТУВОРӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ОҒОЗ НАМУДАНД
Барномаи озуқавории СММ (БОҶ) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома оид ба оғози лоиҳаи устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби Бунёди Иқлими Сабз маблағгузорӣ мегардад, ба имзо расониданд. Тайи чаҳор соли оянда, тақрибан 115,000 нафар шахси аз ҷиҳати озуқаворӣ ноамн аз ин лоиҳа баҳра хоҳанд бурд.Лоиҳаи “Ба вуҷуд овардани устувории ҷомеаҳои осебпазир аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ва паёмадҳои иқлимӣ осебдида аз тариқи тақвияти тавонмандӣ ва гуногунсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон” ба баланд бардоштани иқтидори мутобиқшавии ҷомеаҳои осебпазир ва аз ҷиҳати озуқаворӣ ноамн дар минтақаҳои мавриди ҳадаф пешбинишуда, равона гардидааст.
Лоиҳа иқтидорҳои иштирокчиёни миллиро дар расондани хизматрасониҳои иттилоотӣ оид ба иқлим, пешгӯиҳои моҳона ва мавсимӣ, огоҳсозӣ оид ба вазъи боду ҳаво ва ғайра ба аҳолии деҳотро тақвият медиҳад. Ба аҳолӣ имконият фароҳам меорад, то иттилоотро қабул ва мутобиқ ба он банақшагирӣ намояд. Бунёди Иқлими Сабз (GCF) ҳамчун шарики стратегии БОҶ, фонди калонтарини ҷаҳонӣ буда, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ва баланд бардоштани қобилияти онҳо дар мубориза бо тағйирёбии иқлим бахшида шудааст. Он соли 2010 аз ҷониби Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 9 миллион доллари ИМА аз ҷониби ин бунёд ҷудо гардидааст.
Лоиҳа инчунин ба эҷоди дороиҳо тавассути ҷалби баҳрамандон дар корҳои ҷамъиятӣ бо мақсади беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, ғизогирии онҳо, идоракунии устувори замин ва захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Иштирокчиёни фаъоли сохтмони дороиҳо ба ивази корашон ба кӯмаки нақдӣ, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои фаврии худ ва беҳбудии зиндагии онҳо равона мегарданд, дастрасӣ пайдо мекунанд.“Барои мусоидат дар таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандии иқтисодии занон дар Тоҷикистон, БОҶ занонро дар амалишавии ҳамаи лоиҳаҳо ҷалб хоҳад кард ва кӯшиш менамояд 60% кумакгирандагон занон бошанд,” – қайд намуд намоянда ва директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес.
БОҶ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани устуворӣ, идоракунии хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим таҷрибаи 20-солаи муваффақ дорад. Дар соли 2019, БОҶ тавассути лоиҳаҳои вобаста эҷоди устуворӣ дар саросари кишвар тақрибан ба 30,000 нафар кӯмак расонидааст.
Шарҳҳо баста шудаанд.