Хусусияти шифобахшии меваи Нок (мурӯд)
Нок (мурӯд) меваи маъмул аст. Нок хуштаъму серғизо мебошад. Аз он мураббо, шарбат ва ғайра тайёр мекунанд. Таркиби нок аз сафеда, қанд ва витаминҳои Е, С, Р ва В бой аст.
Хусусияти шифобахшии меваи Анор
Анор низ меваи маъмул аст. Дарахти анор 20 сол умр мебинад. Дарозии он 5-6 метр буда, навдаҳояш борик, хордор, баргҳояш ҷилодор, гулаш сурх аст. Ин меваи хушхӯр аз витамини С ва қанд бой аст. Шарбати анор барои камхунӣ фоидаовар аст.
Хусусияти шифобахшии меваи Себ
Себ меваи маъмули иштиҳоовар буда, зеби ҳар дастархон аст. Себ сероб, хушхӯр, ширин буда, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Себ барои саломатӣ фоидаовар буда, хунро тоза ва зиёд мекунад. Он навъҳои гуногун дорад, ки маъмултарини онҳо…