Дар доираи нақшаи фаъолияти “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар ноҳияи Файзобод аксия чорабинӣ вобаста ба манфияти шири модар ба кӯдак дар байни намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, занони қобили таваллуд ва занони ширдеҳ, викторина ва саволиу ҷавобҳо гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинии оммафаҳмонӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ гузаронида мешавад.