13 октябри дар толори Муассисаи давлати гимназияи рақами 1 шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ” байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни расми беҳтарин баргузор гардид, ки дар он намояндагони Раёсати Кумитаи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Раёсати маориф, , Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмар дар вилоят ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони Маркази ташакккули тарзи ҳаёти солими вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ доир ба бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд