ДАР АГЕНТИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ҲАМОИШ ДОИР ШУД

75

6 август бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тардурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агенти гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Агенти гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тардурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Худойқулова иштирок намуда, доир ба тарзи пешбурди ҳаёти солим ва пешгириии бемориҳои сирятӣ ва ғайрисироятӣ  суханрони намуд.

Иброз гардид, ки танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногуни ҷомеа тарзи солимии ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш ва вохӯри дар байни аҳолии мамлакат ин баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ дар самти тарзи ҳаёти солим мебшад. Зеро дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ меёбад. Он чун омили пуриқтидори дароз гардонидани умри одамон, кам кардани ҳар гуна бемориҳо,  инчунин беҳтару мустаҳкам гардидани саломатии сокинон мусоидат менамояд.

 

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.