4 август дар маркази шаҳри Душанбе корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ гузаронида шуд.
Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сокинони пойтахт корҳои фаҳмонидадниҳӣ доир ба пешгири аз бемори диабети қанд, фарбеҳӣ ва тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Инчунин ба сокинони пойтахт доир ба пешгирии аз бемориҳои зикргардида варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.
Ҳадаф аз ин иқдом кам кардани бемориҳо дар байни сокинон ва таъмин намудани солимии ҷомеа мебошад. Зеро солими ҳар як шахс аз худи ӯ вобастагӣ дорад. Барои солим будан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро иҷро намояд. Яъне ба варзиш машғул шавад, таомҳои табии истеъмол намуда сайру гашт ва истироҳати дурустро ба роҳ монанд.
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯзи дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои тағиботиро доир менамояд.